Бобби Чакраборти бо гурӯҳи ҳунариаш дар саҳнаи тоҷик мерақсад
ДУШАНБЕ, 11.10.2019/АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз, соати 17:00, дар Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев консерти рақси классикии ҳиндӣ дар иҷрои раққоси машҳури сарзамини Ҳинд Бобби Чакраборти ва ансамбли ӯ, ки бо сафари ҳунарӣ ба Тоҷикистон омадаанд, баргузор мегардад.
Консерти рақси классикии ҳиндӣ дар Душанбе дар доираи ҳамкории фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Ҳадафи он тақвияти робитаҳои фарҳангии ду давлат ва муаррифии фарҳанги халқи ҳинд мебошад, ки дар Тоҷикистон маҳбубияти беандоза дорад.








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






