Бобби Чакраборти бо гурӯҳи ҳунариаш дар саҳнаи тоҷик мерақсад

Октябрь 11, 2019 16:07

ДУШАНБЕ, 11.10.2019/АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз, соати 17:00, дар Филармонияи  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев консерти  рақси классикии ҳиндӣ дар иҷрои раққоси машҳури сарзамини Ҳинд Бобби Чакраборти ва ансамбли ӯ, ки бо сафари ҳунарӣ ба Тоҷикистон омадаанд, баргузор мегардад. 

Консерти рақси классикии ҳиндӣ дар  Душанбе дар доираи ҳамкории фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Ҳадафи он тақвияти робитаҳои фарҳангии ду давлат ва муаррифии фарҳанги халқи ҳинд мебошад,  ки дар Тоҷикистон маҳбубияти беандоза дорад.

 

Октябрь 11, 2019 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд