Бонки миллии Тоҷикистон: «Сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 6,5 фоизро ташкил дод»

Октябрь 16, 2019 13:33

 ДУШАНБЕ, 16.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ бозгӯи онанд, ки  дар зарфи нуҳ моҳи соли равон  таваррум дар мамлакат дар  сатҳи нисбатан муътадил нигоҳ дошта шуда, ба 6,5 фоиз баробар шуд. Ин матлаб дар ҷаласаи ҷамъбастии Бонки миллии Тоҷикистон зикр гардид.

Дар ҷаласа Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода доир ба вазъи низоми бонкии Тоҷикистон сухан карда, гуфт, ки дар ин давра Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти худро ҷиҳати суботи молиявӣ, татбиқи ислоҳот дар самти сиёсати пулию қарзӣ, ҷоннок намудани фишангҳои монетарӣ ва дар ин робита нигоҳ доштани сатҳи таваррум дар доираи нишондиҳандаҳои мақсаднок равона намуд.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода таваҷҷуҳи аҳли ҷаласаро ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо ҷалб намуда, аз тадбирҳои андешидашуда дар ин самт натиҷагирӣ кард. Гуфта шуд, ки бо мақсади татбиқи иқдоми Пешвои миллат оид ба таъмини рушди соҳибкорӣ бо роҳи паст кардани меъёри фоизи қарз, Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои қарзӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, дар натиҷа меъёри миёнавазни фоизи қарзҳо бо пули миллӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли 2019 нисбат ба нуҳ моҳи соли гузашта ба андозаи 6,4 банди фоизӣ паст гардида, 22,1 фоизро ташкил намуд. Меъёри миёнавазни фоизи қарзҳо дар ин давра бо асъори хориҷӣ 15,5 фоизро ташкил намуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 1,3 банди фоизӣ паст шуд.

Бо дахли пешниҳоди маблағгузориҳои қарзӣ барои рушди соҳибкорӣ зикр гардид, ки аз ҳаҷми умумии қарзҳои аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар давраи ҳисоботӣ додашуда 39,9 фоизи он ба соҳибкории истеҳсолӣ рост омада, маблағи 2 671,5 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 980,9 млн. сомонӣ ё 58,0 фоиз зиёд аст.

Зикр гардид, ки дар ин давра дар мамлакат як қатор ташкилотҳои нави қарзӣ, назири Бонки исломии Тоҷикистон-  «Тавҳидбонк», Бонки «Арванд», «Васл» ва дигар марказҳои хизматрасонии бонкӣ баҳри беҳтар намудани сифати хизматрасонии бонкӣ ба аҳолӣ ва рушди низоми бонкии мамлакат таъсис дода шуданд.

 

 

Октябрь 16, 2019 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Рушди инфрасохтори пардохтӣ дар вохӯрии минтақавии роҳбарияти бонкҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баррасӣ шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд