Бори нахуст дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Форуми донишҷӯёни Осиё баргузор гардид

Октябрь 25, 2019 15:47

ДУШАНБЕ, 25.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 25 октябр дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бори нахуст 4 –умин Форуми донишҷӯёни Осиё- «Тоҷикистон-Осиё-2019» бо иштироки беш аз 200 нафар донишҷӯён аз давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Федератсияи Россия, Покистон ва Афғонистон баргузор гардид.

Дар кори ҳамоиш  ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, роҳбарони донишгоҳҳо, муовинони ректорон, деканҳои факултетҳо, намояндагони бахши таълиму тарбия ва донишҷӯёни  беш аз 22 донишгоҳи Осиё иштирок доранд.

Намоишгоҳро ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки «баргузории форуми мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сиёсати «дарҳои боз»-и пешгирифтаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифи дастовардҳои илмию техникӣ ва табиати нодири ватани хеш бар ҷаҳониён гардидааст».

Дар ҷараёни форум мавзӯъҳои «Ҳамкории байни донишгоҳҳо дар самти роҳбарон», «Ҳамкории донишҷӯён дар самти таҳияи лоиҳаҳо ва тадқиқоти муштарак», «Истифода аз технологияи имрӯза»,  «Иштирок дар барномаҳои табодул ва анҷом додани барномаҳои фарҳангии муштарак ва масъалаҳои мубрами рӯз»  ва «Муқовимат кардан бо хатарҳои ҷаҳонӣ,  аз қабили ҷинояткорӣ, терроризм ва экстремизм» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин дар ин рӯз дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон намоиши дастовардҳои донишҷӯён, ихтироот, асарҳои илмию адабӣ ва ҳунарҳои миллӣ манзури меҳмонон  гардонида шуд.

Ҳадафи баргузории форуми мазкур- ин муаррифии дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол, боздид намудан аз маконҳои таърихӣ ва сайёҳии  мамлакат, ба роҳ мондану мустаҳкам намудани дӯстии ҷавонони тоҷик ва донишҷӯёни давлатҳои Осиё, муаррифӣ намудани илм, фарҳанг, тамаддун ва муҳимтар аз ҳама, муаррифии таҳсилоти касбии Тоҷикистон барои давлатҳои Осиё мебошад.

Тавре  муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба робитаҳои байналмилалӣ Хайрулло Мирзамонзода иброз дошт, «ДМТ имрӯз мизбони яке аз форумҳои муҳим дар минтақа ба ҳисоб меравад. Зеро баргузории чунин ҳамоиш сабаби шиносоии донишҷӯёни Осиё бо муҳассилини тоҷик ва барқарор намудани робитаҳои дӯстӣ байни ҷавонон мегардад. Ҳамзамон бо ин аз ҷониби раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  фарҳанги меҳмондорию давлатдории тоҷикон ва маконҳои зебои сайёҳиямон ба донишҷӯёни хориҷӣ муаррифӣ мешаванд».

Бояд тазаккур дод, ки форуми мазкур аввалин маротиба соли 2012 дар  Донишгоҳи давлатии Олтойи Федератсия Россия доир гардида буд. Форуми якум ва дуюм дар шаҳри Бартаи Федератсияи Россия- дар Донишгоҳи Олтой, форуми сеюм дар Ҷумҳурии Қазоқистон  баргузор гардида буд.

«Донишгоҳи миллии Тоҷикистон муаррифи Ассотсиатсияи Донишгоҳҳои Осиё мебошад. Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон академик Муҳаммадюсуф Имомзода соли 2018 аз ҷониби намояндагони 78 донишгоҳҳои аъзо Президенти Ассотсиатсияи Донишгоҳҳои Осиё интихоб гардид»,-иброз дошт Хайрулло  Мирзамонзода.

Ёдовар мешавем, ки меҳмонони форуми мазкур то имрӯз аз мавзеъҳои таърихии мамлакат-«Кохи Наврӯз» ва Қалъаи Ҳисор дидан намуданд. Ҳамчунин баъди анҷоми кори форум барномаи варзишӣ низ доир карда мешавад.

Дар назар аст, ки  Форуми 4 –уми донишҷӯёни давлатҳои Осиё то 26 октябр идома ёфта, дар анҷоми он Конфронси ҷавонони давлатҳои Осиё баргузор гардад.

 

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

Октябрь 25, 2019 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст