Бозтоби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар маҷаллаи немисии «Business & Diplomacy»
ДУШАНБЕ, 19.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар муҳовараи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Германия Соҳибназар Ғайратшо, ки дар шумораи навбатии маҷаллаи немисии «Business & Diplomacy» ба табъ расид, ислоҳоти иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷаҳои назарраси он дар солҳои охир ба қалам дода шудаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни муҳовара бо рӯзноманигор дар атрофи мавзӯъҳои мавқеи Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ, истиқлоли энергетикии Тоҷикистон ҳамчун давлати тавлидкунандаи «энергияи сабз», татбиқи саноатикунонӣ ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ, «300 рӯзи ислоҳот барои дастгирии соҳибкорӣ ва фазои сармоягузорӣ», инчунин дигар дастовардҳои Тоҷикистон мубодилаи афкор сурат гирифтааст.
Сафир дар робита ба воридшавии Тоҷикистон ба шохиси «20 давлати ислоҳотгар» дар раддабандии Бонки ҷаҳонӣ- «Doing Businness 2020» аз доираҳои соҳибкории Германия ва Тоҷикистон даъват ба амал овардааст, ки аз шароити мусоид истифода бурда, барои ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд талош варзанд.










Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






