Дар қароргоҳи ситоди ИДМ дар Минск машваратҳои байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ оид ба масоили ҳамкорӣ бо ИА, СААД ва САҲА барпо мегардад

Октябрь 23, 2019 13:20

ДУШАНБЕ, 23.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 24 октябр, дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар шаҳри Минск машваратҳои байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ дар мавзӯи «Оид ба ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ бо Шӯрои Аврупо ва дигар ташкилотҳои бисёрҷонибаи Аврупо: дар бораи ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ бо НАТО ва оид ба масъалаҳои амнияти Авруосиё. Дар бораи ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ дар САҲА» баргузор мегарданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ иттилоъ медиҳад.

Иштирокчиёни машваратҳо ният доранд, ки масоили вобаста ба татбиқи барномаи «Шарикии шарқӣ», муносибатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо ва муносибатҳои Россияву Иттиҳоди Аврупоро муҳокима кунанд. Инчунин мавзӯи ҳамоҳангсозии мавқеи давлатҳои аъзои ИДМ оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ бо НАТО муҳокима карда мешавад.

Ғайр аз ин, намояндагони мақомоти сиёсати хориҷӣ самтҳои афзалиятноки кишварҳои иттиҳодро дар САҲА баррасӣ карда, мавқеъҳоро барои Шӯрои вазирони корҳои хориҷии САҲА дар Братислава 5-6 декабри соли 2019 ҳамоҳанг месозанд ва самарабахшии лоиҳа ва корҳои саҳроии САҲА дар давлатҳои аъзои ИДМ – ро арзёбӣ мекунанд.

Октябрь 23, 2019 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид