Дар Чемпионати Осиё оид ба бокс 11 нафар варзишгарони навраси тоҷик иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 10.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 10 то 17 октябр дар шаҳри Фуҷайраи Амороти Муттаҳидаи Араб Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасони соли таваллудашон 2003-2004 баргузор мегардад. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, ин маротибаи аввал аст, ки дар чемпионат баробари писарон духтарон низ ширкат менамоянд. Дар мусобиқаи мазкур 239 варзишгар аз 26 давлати қора дар 26 категорияи вазнӣ – 13 вазн миёни писарон, 13 вазн миёни духтарон – барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош мекунанд.
Аз ҷумҳурии Тоҷикистон 11 нафар варзишгар – 10 писар, 1 духтар – ба АМА сафарбар гардидаанд, ки дар 11 вазн муҳориба мекунанд.
Бибинишастамо Холова (52кг)
Фирдавс Рустамов (46кг)
Искандарбек Рустамов (48кг)
Баҳоваддин Солеҳов (50кг)
Абубакр Муродов (52кг)
Абдураҳим Ёқубов (54кг)
Довуд Маҳкамов (57кг)
Саддом Ҳоҷизода (60кг)
Бахтовар Далиев (63кг)
Темур Ташаҳинов (70кг)
Абубакр Юнусов (+80кг)
Ёдовар мешавем, ки 9 октябр ҷаласаи техникии ҳайатҳо ва қуръакашӣ баргузор шуд, ки ҳарифони варзишгарони мо дар даври аввал маълум гардиданд:
10 октябр
52кг
Абубакр Муродов – Адилет Омуров (Қирғизистон)
57кг
Довуд Маҳкамов – Ирускелдӣ Эмилбек (Қирғизистон)
63кг
Бахтовар Далиев – Синран Жао (Чин)
+80кг
Абубакр Юнусов – Арген Бактибеков (Қирғизистон)
11 октябр
50кг
Баҳоваддин Солеҳов – Абдулла Патиев (Қазоқистон)
46кг
Фирдавс Рустамов – По-Ҳао Ҳсу (Тайпейи Чин)
12 октябр
54кг
Абдураҳим Ёқубов – Умар Аҳмад (Кувейт)
60кг
Саддом Ҳоҷизода – Абзал Серик (Қазоқистон)
13 октябр
70кг
Темур Ташаҳинов – Бекбол Мурасбеков (Қирғизистон)
14 октябр
52кг
Бибинишастамоҳ Холова – Нигина Уктамова (Ӯзбекистон)
Искандарбек Рустамов (48кг) дар даври аввал озод аст.








Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод






