Дар доираи ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон, Афғонистон ва Беларус санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд

Октябрь 25, 2019 14:09

ДУШАНБЕ, 25.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҳамоиши сеҷонибаи тиҷоратии Тоҷикистон, Афғонистон ва Беларус  байни Вазорати саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноати Беларус, инчунин байни Палатаҳои савдо ва саноати  Тоҷикистон-Афғонистон ва Тоҷикистон-Беларус ва ҳамзамон байни ширкатҳои тавлидотии се давлат созишномаҳои ҳамкорӣ  ба имзо расонида шуданд.

Ба имзо расонидани санадҳои ҳамкорӣ ба тавсеаи равобити иқтисодӣ, ҷалби сармоя, таъсиси корхонаҳои муштараки тавлидотӣ, инчунин пайдо намудани шарикон  ва тақвияти робитаҳои доираҳои соҳибкории Тоҷикистон, Афғонистон ва Беларус мусоидат менамояд.

Намояндагони доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Афғонистон ва Беларус дар ҳамоиши тиҷоратӣ масъалаҳои марбут ба тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратиро дар бахшҳои  истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, саноати мошинсозӣ, сармоягузорӣ, саноати сабук, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ва соири масоили марбут ба таҳкими робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ баррасӣ намуда, ҳавасмандӣ ва омодагии худро  вобаста ба ҷалби сармоя, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолию саноатӣ баён карданд.

Зикр гардид, ки байни Тоҷикистону Беларус имкониятҳои васеъ барои ҳамкорӣ дар самти коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва ширӣ, қоғаз, саноати нафту кимиё, истеҳсоли трансформаторҳо ва техникаҳои светодиодӣ мавҷуданд. Дар шаҳри Ҳисор  корхонаи муштараки васлкунии техникаи кишоварзӣ  таъсис дода шудааст, ки онро метавон намунаи барҷастаи ҳамкории мутақобилан суманди иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Беларус арзёбӣ намуд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Октябрь 25, 2019 14:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд