Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 31.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 8-уми муштаракаи Кумитаи ҳамкории байнипарлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумони Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
Дар ҷаласаи мазкур ҳайати Тоҷикистонро раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия ва ҳайати Авупоро раиси Парлумони Иттиҳоди Аврупо оид ба мамлакатҳои Осиёи Марказӣ Фулвио Мартушелло роҳбарӣ намуданд.
Иштирокдорони ҷаласа масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, вазъи сиёсӣ дар Тоҷикистон, Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, инчунин амният, мубориза бо терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро муҳокима намуданд.
Ба гуфтаи котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов, диққати асосӣ ба фазои сармоягузорӣ ва вазъи сиёсӣ дар Тоҷикистон дода шуда, Шариф Раҳимзода ба ҳайати меҳмонон оид ба вазъи иқтисодиву сиёсии мамлакат маълумот дод.
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия зикр намуд, ки бо вуҷуди душвориҳои вобаста ба ноустувории вазъи иқтисодии мамлакатҳо — шарикони иқтисодии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли равон ММД 7,2 фоиз афзуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,2 банди фоизӣ зиёдтар аст.
«Мояи хушнудист, ки дар сохтори Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳиссаи истеҳсоли маҳсулот афзуд ва ҳиссаи хизматрасониву андозҳо коҳиш ёфт», — афзуд мавсуф.
Иттилоъ дода шуд, ки Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 нишондиҳандаҳои асосии рушди минбаъдаи иқтисодро муайян намуд. «Аз ҷумла, ин санад коҳиши сатҳи камбизоатӣ, афзоиши ҳиссаи табақаи миёна дар ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, беҳтар кардани сифати хиpматрасониҳо дар нигаҳдории тандурустӣ, маориф, таъмини нафақа ва ғайраро пешбинӣ намуддаст», — гуфт Шариф Раҳимзода.
Зикр гардид, ки ҳаҷми тиҷорати мутақобила бо Иттиҳоди Аврупо дар 9 моҳи соли 2019 173 миллион доллари америкоиро ташкил дод. Содироти мол аз Тоҷикистон ба Иттиҳоди Аврупо 34,1 миллион доллар ва воридот аз он ба мамлакати мо 139 миллион долларро ташкил додааст.
Ҳаҷми сармоягузории мустақими мамлакатҳои узви Иттиҳоди Аврупо ба иқтисодиёти Тоҷикистон соли 2018 51,3 миллион ва дар 6 моҳи соли 2019 11 миллион доллари америкоиро ташкил дод.
Айни замон дар Тоҷикистон зиёда аз 50 корхонаи муштарак бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо мавҷуд аст, ки маҳсулоти онҳо ба мамлакатҳои ИА содирот карда мешавад.
Инчунин ҳоло Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 40 лоиҳаро ба маблағи умумии 89,3 миллион евро татбиқ намуда истодааст. Ин лоиҳаҳо тамоми минтақаҳои ҷумҳуриро фаро гирифта, дар ҳамаи соҳаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла ҳуқуқи инсон, демократикунонии ҷомеа, волоияти қонун, ислоҳоти маъмурӣ, самаранокии энергетикӣ, рушди деҳот, амният ва идоракунии сарҳад ва ғайра амалӣ карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати Парлумони Иттиҳоди Аврупо рӯзи дуюм аст, ки бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Интизор меравад, ки 1 ноябр ҳайати мазкур бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот анҷом дода, аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангии шаҳри Душанбе боздид намоянд.








Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад






