Дар Душанбе бахшида ба 25-солагии рӯзи қабули Конститутсия конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад

Октябрь 18, 2019 11:06

ДУШАНБЕ, 18.10.2019./АМИТ «Ховар»/. 31 октябр бо ташаббуси Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-солагии рӯзи қабули Конститутсия ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд» конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Тавре манбаъ иттилоъ медиҳад, дар кори конференсияи мазкур олимони соҳаи ҳуқуқшиносӣ, намояндагони ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, суд, адвокатура, роҳбарият, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар хоҳишмандон   метавонанд иштирок намоянд.

Дар  конференсия  масъалаҳо вобаста ба рушди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо, нақши он  дар бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд  мавриди баррасии иштирокдорон қарор мегирад.

Аз ҷумла,   аз рӯи масъалаҳои зерин — «25 соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовард ва дурнамои он», «Аҳамияти Конститутсияи соли 1994 ҷиҳати эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд», «Давраҳои инкишофи конститутсияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҳлили муқоисавӣ-таърихӣ», «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — таҷассумгари арзишҳои ҳуқуқи инсон», «Конститутсия ҳамчун падидаи ҳуқуқӣ ва сиёсӣ», «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ», «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масоили идоракунии давлатӣ» маърӯзаҳо пешниҳод мегарданд.

«Иштироки бевосита ва ё ғоибона дар кори конференсия имконпазир аст. Хароҷоти роҳ, истиқомат ва хӯрду хӯрок аз ҳисоби худи иштироккунанда ё ҷониби равонкунанда мебошад. Даъвати иштирокчиён баъд аз қабули дархост ва баррасии фишурда (тезис) ё мақола ба роҳ монда мешавад. Забони кори конференсия – тоҷикӣ ва русӣ буда, хоҳишмандон баромад ва мақолаҳоро метавонанд бо ин ду забон  ирсол намоянд», -афзуд манбаъ.

Октябрь 18, 2019 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид