Дар Душанбе мавсими интиқоли гармӣ оғоз шуд

Октябрь 30, 2019 14:30

ДУШАНБЕ, 30.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 28 октябр Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе-1 ва 2 ба интиқоли гармӣ ба бинову иншооти шаҳри Душанбе  оғоз кард. Дар ин бора сардори маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик» Нозир Ёдгорӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Ба иттилои манбаъ, ҳоло 350 иншоот ва биноҳои истиқоматӣ гармӣ гирифта истодаанд.

«Дар айни замон корҳои омодагӣ ба интиқоли гармӣ дар дигар бинову иншооти шаҳри Душанбе идома доранд. Рӯзҳои наздик дар назар аст, ки дегхонаҳои ғарбӣ ва шарқӣ низ ба кор оғоз кунанд»,-илова намуд Нозир Ёдгорӣ.

Бино ба маълумоти манбаъ, имсол 2180 бинову иншооти пойтахт бо гармӣ таъмин мешаванд.

Октябрь 30, 2019 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ бинои нави Институти иқтисодиёт ва демографияро мавриди истифода қарор доданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои оғози корҳои сохтмонии маҷмааи IT-Hub Dushanbe санги асос гузоштанд
Моҳи август «Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрии «Red Bus Tours» оғоз гардид
«RED BUS TOURS». Имрӯз дар Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
«RED BUS TOURS». Дар Душанбе мавсими хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
Дар Душанбе Ниммарафони байналмилалии «One run» баргузор шуд
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе бо ҳайати шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе Рӯзҳои шаҳри Санкт-Петербург доир мегарданд
Дар Душанбе Озмуни шаҳрии «Оилаи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Муовини Раиси шаҳри Душанбе дар Конфронси байналмилалии ҳамкорӣ ва рушди бародаршаҳрҳои Чэнду-2026 иштирок намуд
Кумаки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчии ҷанг аз Душанбе расонида шуд