Дар дуюмин Фестивали кинои Франсия дар Душанбе филмҳои бадеӣ, мазҳакавӣ ва аниматсионии муосир манзури тамошобинон мегарданд
ДУШАНБЕ, 24.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 29 октябр то 2 ноябр дар шаҳри Душанбе дуюмин Фестивали кинои Франсия баргузор мегардад.
Тавре аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, фестивали мазкур бо дастгирии Сафорати Франсия дар Тоҷикистон ва маркази фарҳангии «Бохтар» дар шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» баргузор гардида, дар он филмҳои франсавии бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ тарҷумашуда намоиш дода мешаванд.
Фестивали кинои франсавӣ 29 октябр бо нишон додани филми драмавӣ-мазҳакавии «Венсан- одам-амфибияи бе пулакча», ки дар бораи муҳаббати қаҳрамонони Франсия нақл мекунад, ифтитоҳ меёбад.
Дар назар аст, ки дар Фестивал киноҳои франсавӣ, ба монанди «Подшоҳ ва паранда» дар жанри аниматсионӣ, «Хоҷагидори хурд»-драмаи ҳозиразамон, инъикоскунандаи мушкилоти ҳаёти деҳот дар Франсия, «Полина, ҳаёти худро ба рақс бахш» дар бораи қиссаи як балеринаи ҷавони рус, ки ҷаҳони рақси муосирро кашф мекунад ва «Барбара»- филми муаллифӣ дар бораи овозхони маъруфи франсавӣ намоиш дода шаванд.
Ёдовар мешавем, ки тамошои филмҳои бадеӣ, мазҳакавӣ ва аниматсионии муосири Франсия ҳар бегоҳ соати 5:30 оғоз ёфта, даромад ройгон аст.










Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






