Дар Хоруғ маросими бошукӯҳи гусели наваскарон ба хизмати Ватан баргузор гардид

Октябрь 3, 2019 17:06

ХОРУҒ, 03.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар майдони ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ маросими гусели ҷавонписарони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сафи Артиши миллӣ дар фазои мутантан ва бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷамъомади тантанавӣ беш аз 5 ҳазор сокинону меҳмонон, донишҷӯёну мактаббачагон, собиқадорони ҷангу меҳнат, волидайни даъватшавандагон ва сарбозони қисмҳои низомии гарнизони Хоруғ ширкат намуданд.

Дар маросими гусели ҷавонони вилоят ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов, роҳбарият ва аъзои Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар вилоят,  сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар шахсони расмӣ ширкат намуданд.

Раиси вилоят Ёдгор Файзов   миннатдории бепоёни худро ба волидайни ҷавононе, ки бо амри дил баҳри адои қарзи фарзандии худ дар назди давлату миллат ва ҳифзи марзу буми меҳан камари ҳиммат бастаанд, баён дошт. Раиси вилоят  таъкид дошт, ки дар ин маъракаи муҳим эҳсос гардид, ки ҳам ҷомеа ва ҳам ҷавонон аз худ ташаббуси волои ватандӯстиву меҳанпарастӣ нишон дода, садоқати худро ба сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар тасдиқ карданд.

Ташаббуси ихтиёран ҳозир шудани ҷавонон ва дар муддати кӯтоҳ ба анҷом расидани маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ бори дигар исбот мекунад, ки имрӯз ҷавонони Бадахшон ҷонибдори сиёсати Пешвои миллат буда, ҳеҷ қуввае наметавонад азму иродаи қавии онҳоро дар роҳи ҳифзи марзу бум ва дастовардҳои Ватани азизамон коста гардонад.

Аз миёни даъватшавандагони ихтиёрӣ бо намояндагӣ аз ҷавонони вилоят  муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонони вилоят Юсуф Асадбеков, ки худ низ  довталабона ба хизмати Ватан-Модар раҳсипор мегардад,  ба давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити арзанда дар қисмҳои низомӣ  изҳори сипос намуд. Маҳз дар зарфи 28 соли соҳибистиқлолӣ дар баробари дигар соҳаҳои хоҷагии халқ шароити буду боши афсарону аскарон ва таъминоти пойгоҳи моддию техникии онҳо ба маротиб беҳтар гардида, ҳоло дар ин самт ягон мушкилот вуҷуд надорад. Юсуф Асадбеков гуфт, ки “имрӯз ҷавонони вилоят аз сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ карда, минбаъд ягон монеаи сунъӣ ва унсурҳои бегона наметавонанд садди роҳи ҷавонписарони бонангу ори вилоят гарданду пеши роҳи ташаббусҳои созандаву ватандӯстонаи онҳоро бигиранд”.

Модароне, ки ҷигарбандони худро дар вазъияти тантанавӣ ба сафи неруҳои мусаллаҳ гусел менамуданд, дар ҳузури ҷамъомадагон сухан гуфта, таъкид доштанд, ки модарон ҳамеша ҷонибдори сиёсати созандаи давлату Ҳукумати мамлакат мебошанд.

Ба 165 нафар ҷавонон, ки курсҳои кӯтоҳмудати ронандатайёркунии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи вилоятро хатм намудаанд, шаҳодатномаи ронандагӣ  супурда шуд.

Ҷамъомади тантанавии гусели ҷавонони вилояти Бадахшон бо барномаи рангини фарҳангӣ ба поён расид.

Октябрь 3, 2019 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Восеъ бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон иншооти иҷтимоӣ ва роҳҳои нав ба истифода дода шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ному осори Абуалӣ ибни Сино боиси сарфарозии тамоми инсоният гардидааст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Саломатии аҳолӣ сарвати асосии давлат мебошад»
Бо дастури Пешвои миллат ба оилаи аз офати табиӣ зарардида дар Кӯлоб хонаи нави истиқоматӣ тақдим гардид
«ТАБЛИҒГАРОНИ ИСТИҚЛОЛ». Гурӯҳи тарғиботӣ — ташвиқотӣ дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Файзобод ва Шаҳринав дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро муаррифӣ намуд
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
10 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Баррӯшон соҳиби манзилҳои нав мешаванд
Бахшида ба Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ. Ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулода самти асосии фаъолияти ин ниҳод аст
САЙЁҲИИ ЗИЁРАТӢ. Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ аз нав эҳё гардида, инфрасохтори сайёҳии он рушд намуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолат вуруди шаҳрванди хориҷӣ ба Федератсияи Русия манъ карда мешавад?