Дар Хуҷанд Бизнес — форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон доир мегардад

Октябрь 2, 2019 15:36

ДУШАНБЕ, 02.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ 5 октябр дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Бизнес-форуми ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон доир мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Бино ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақсад аз гузаронидани Бизнес — форум истифодаи самараноки таҷрибаи кишварҳои якдигар, муҳайё намудани шароит барои рушди соҳибкорию тиҷорати сайёҳӣ, ташкили курсҳои кӯтоҳмудати омӯзишӣ барои кормандони субъектҳои хоҷагидори соҳаи сайёҳӣ, тарабхонаҳо, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, марказҳои дилхушӣ, дарёфти роҳҳои муосири тарғибу ташвиқи имкониятҳои сайёҳии кишварҳои ҳамдигар тавассути воситаҳои имконпазири иттилоотӣ мебошад.

Ҳамчунин дар ҷараёни Бизнес — форум ширкатҳои сайёҳии ватанӣ бо ҳамтоёни худ созишномаҳои ҳамкорӣ ва ёддошти тафоҳум ба имзо мерасонанд.

Бояд зикр намуд, ки бо назардошти рушди соҳаи сайёҳӣ ва зарфияту имкониятҳои фаровони давлатҳо дар ин самт, фаъол намудани ҳамкорӣ дар бахшҳои сайёҳии солимгардонӣ, таърихӣ ва варзишӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи рушду тавсеаи бештари ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар заминаи дӯстию ҳамсоягии нек доир ба рафтуомади шаҳрвандони ду давлат ба қаламрави ҳамдигар, сафарҳои сайёҳӣ, инчунин ҳалли масъалаҳои марбут ба онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Дар Тоҷикистон низоми мусоиди воридшавӣ ва будубоши сайёҳон амал карда, ислоҳоти муҳим роҳандозӣ гардида истодааст.

Имрӯзҳо ҳамкории байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, хатсайрҳои минтақавӣ амалӣ шуда истодаанд.

Ин омил имконият медиҳад, ки сайёҳон зимни саёҳати худ якбора аз се давлат- Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дидан намоянд.

Октябрь 2, 2019 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид