Дар Хуҷанд машғулияти омӯзишии 10-рӯза барои омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолии литсейҳо оғоз гардид

Октябрь 28, 2019 09:25

ХУҶАНД, 28.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи  лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд барои омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолии литсейҳои фарогири лоиҳаи мазкур машғулияти омӯзишии 10-рӯза (аз 21 то 31 октябр) оғоз гардидааст. Ба машғулияти омӯзишӣ  беш аз 180 нафар  омӯзгорон ва устоҳои таълимӣ фаро гирифта шудаанд.

Тавре аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни  машғулиятҳои зикршуда  ба иштирокдорони он  вобаста ба мақсад ва барномаҳои лоиҳа шарикии соҳавӣ дар низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ-техникӣ ва омӯзиш, методологияи навовари таълим дар асоси салоҳият, талаботи имрӯзаи таълимгирандагон, ҳамкории таълимгоҳҳо бо корфармоён, стандарти салоҳият, методикаи таҳияи стандарти салоҳият, таҳлили функсионалии касбҳо, таҳияи харитаи функсионалӣ ва ғайра омӯзонида мешаванд.  Ҳамчунин иштирокдорони  машғулиятҳо  дар мавзӯъҳои «Сохтори стандарти салоҳияти ҳар як касби коргар», «Таҳлили функсионалии касбҳо ва таҳияи харитаи функсионалӣ» ва «Методологияи таҳияи стандарти салоҳияти касб»  корҳои гурӯҳӣ анҷом медиҳанд.

Хотиррасон  мешавем, ки   чунин  машғулиятҳо  барои омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолии литсейҳои ба лоиҳаи мазкур фарогирифташуда  дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Кӯлоб низ   гузаронида шуда буданд.

Ёдовар мешавем, ки  Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» дар асоси созишномаҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон аз соли 2016 амалӣ карда мешавад. Амалигардонии лоиҳаи мазкур  ба зиммаи  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузошта шудааст. Бо мақсади амалигардонии лоиҳаи мазкур дар назди вазорат Гурӯҳи идоракунии Лоиҳа фаъолият дорад.

Ҳадафи асосии Лоиҳа  мусоидат  намудан дар мустаҳкам намудани заминаҳои моддӣ-техникӣ, методӣ ва барқарорсозии инфрасохторҳои марказҳои таълими калонсолон ва литсейҳои касбии техникии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  буда,  ба ин восита омода намудани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат  мебошад.

Октябрь 28, 2019 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид