Дар ноҳияи Ёвон ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ сурат гирифт

Октябрь 31, 2019 11:46

ЁВОН, 31.10.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон бо иштироки аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ҷаласаи навбатӣ  баргузор намуд. Дар ин бора аз ҳукумати ноҳияи Ёвон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Дар ҷараёни маҷлис масоили мубрами рӯз, аз ҷумла муҳтавои Протоколи ҷаласаи якҷояи шӯроҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Хатлон аз 9 августи соли 2019 дар бораи «Нақши Шӯрои ҷамъиятии ноҳия дар рушди бонизоми ҷомеа» ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ — омили таҳаввулоти иҷтимоӣ дар мамлакат» мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Раиси Шӯрои ҷамъиятии ноҳияи Ёвон Ҷамшед Саидзода маърӯзаю музокира ва пешниҳодҳои иштирокчиёни ҷаласаро ҷамъбаст намуда, аъзои Шӯроро даъват намуд, ки ҷиҳати эҳёи мавзеъҳои таърихӣ ва таҳкими фаъолият дар самти таъмини рушду тараққии ноҳия тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Октябрь 31, 2019 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд