Дар ноҳияи Ёвон ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ сурат гирифт
ЁВОН, 31.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон бо иштироки аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ҷаласаи навбатӣ баргузор намуд. Дар ин бора аз ҳукумати ноҳияи Ёвон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Дар ҷараёни маҷлис масоили мубрами рӯз, аз ҷумла муҳтавои Протоколи ҷаласаи якҷояи шӯроҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Хатлон аз 9 августи соли 2019 дар бораи «Нақши Шӯрои ҷамъиятии ноҳия дар рушди бонизоми ҷомеа» ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ — омили таҳаввулоти иҷтимоӣ дар мамлакат» мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Раиси Шӯрои ҷамъиятии ноҳияи Ёвон Ҷамшед Саидзода маърӯзаю музокира ва пешниҳодҳои иштирокчиёни ҷаласаро ҷамъбаст намуда, аъзои Шӯроро даъват намуд, ки ҷиҳати эҳёи мавзеъҳои таърихӣ ва таҳкими фаъолият дар самти таъмини рушду тараққии ноҳия тадбирҳои иловагӣ андешанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






