Дар рӯзи сеюми Фестивали байналмилалии «Дидор» филмҳои мустанад манзур гардиданд
ДУШАНБЕ, 18.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Дидор» идома дорад. Имрӯз, дар рӯзи сеюми Фестивал дар Хонаи кино — Кинотеатри «Зебунисо» бо иштироки муаллифону коргардонҳои дохил ва хориҷи мамлакат филмҳои мустанад ба тамошо гузошта шуданд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар Фестивал, аз ҷумла, аз озмуни филмҳои тоҷикӣ филми «Ҳаворӣ-2019»-и коргардон Шоҳҷамшед Умарӣ, «Пудина» -и коргардон Таҳмина Ҳакимова, филми «Ҷои беҳтарин дар замин»-и коргардон Рома Буряк, филми коргардон Искандар Усмонов бо номи «Бовар дорам, зиндагӣ мекунам, дӯст медорам» аз Тоҷикистон ва аз филмҳои озмуни байналмилалӣ «Духтари Мулло»-и коргардонҳо Ҳасан Сулҳҷӯ ва Маҳдия Содот Мирҳабибӣ аз Британияи Кабир, филми «Муаллим»-и коргардон Ибодулло Аҷибоев аз Қирғизистон, «Тақсир»-и коргардон Камилла Бердимуратова аз Қазоқистон ва филми коргардон Озода Бизаргитӣ аз Эрон бо номи «Аҳли об» ба намоиш гузошта шуданд.
Дирӯз Филми «Ҳаворӣ-2019», ки аввалин кори коргардонии Шоҳҷамшед Умарӣ мебошад, пешкаши тамошобинон гардид.
Қаҳрамони филм зодаи Қрим буда, 10 сол пеш ба Тоҷикистон омадааст ва бе манзили зист монда, дар кӯча зиндагӣ мекунад. «Мо филмро се шабонарӯз сабт кардем. Гурӯҳи эҷодии мо дар ин рӯзҳо бо қаҳрамони филм, ки манзили зист надорад ва дар кӯча зиндагӣ мекунад, ҳамроҳ буд. Ҳамон ғизое, ки ӯ мехӯрд, мо ҳам ҳамроҳаш мехӯрдем. Мақсади мо ин буд, ки ҳаёти қаҳрамони филмро бо чашмони худ бубинем ва аз азобу машаққати ӯ бохабар бошем, сахтиҳои ҳастии ӯро дар худ эҳсос намоем. То тавонем, муҳтавои филмро ба тамошобин дуруст расонем ва таваҷҷуҳи ҷомеаро ба ин мавзӯъ ҷалб созем», -гуфт Шоҳҷамшед Умарӣ.
Тавре ҳамсуҳбати мо иброз дошт, офаридани филми мустанад, ки он тасвири воқеии ҳаёт аст, кори осон нест, зеро тамошобини асри 21 –ро ба андешае муътақид кардан заҳмати зиёдро тақозо менамояд.
Ш. Умарӣ ҳамчунин зикр кард, ки баргузории ҷашнвораҳои кино, ба монанди «Дидор» ба рушди кинои тоҷик мусоидат намуда, барои рӯи кор омадани мутахассисони ҳирфаӣ мусоидат менамояд.
Яке аз тамошобинони ин Фестивал Нурулло Ҳақназаров гуфт, ки «пас аз тамошои филми «Ҳаворӣ-2019» шахс ба хулосае меояд, ки ҳарчанд қаҳрамони филм дар бораи тарзи зист, манзил, дин, ишқ ибрози андеша мекунад, аммо дар суханҳои ӯ эътимоди комил эҳсос намешавад. Аммо филм асли воқеиро инъикос карда, бо касбияти баланд таҳия шудааст».
Мавриди зикр аст, ки филмҳои интихобгардида, дар мавзӯъҳои муҳимтарини ҷомеаи имрӯза, ба мисли мавқеи зан дар ҷомеаи суннатӣ ва тараққикарда, аҳамияти об, ҳолати минтақаҳои кӯҳистон ва мардумшиносӣ офарида шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки Фестевали байналмилалии «Дидор» то 20 октябр дар Хонаи кино идома меёбад.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»








Дар шаҳри Душанбе маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
«ТОҶИ СОМОН». Қабули филмҳо барои иштирок дар синамоҷашнвораи миллӣ то 15 сентябр идома меёбад
«МОДАРНОМА». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзаалӣ Шариф ифтитоҳ ёфт
СОТИМ УЛУҒЗОДА ВА ҚАДРШИНОСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба 115-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода
Дар Душанбе китоби «Президент сказал: Любите!…» рӯнамоӣ гардид
Муовини вазири корҳои хориҷии Умон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Бо корвони «Шоҳнома»: аз Тӯс то Душанбе» ба нашр расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Кинотеатри «Ватан» навсозӣ ва бо технологияи муосири намоиши филмҳо муҷаҳҳаз гардонида шуд
Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши китобхонаҳои шахсӣ дар рушди китобдории миллати тоҷик дар замони ҷаҳонишавӣ» ҳамоиш доир шуд
Пагоҳ дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
Соли 2027 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Покистон баргузор мегарданд






