Дар шаҳри Ҳисор амалишавии қонунҳои миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт
ҲИСОР, 09.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар Қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор доир ба терроризм ва экстремизм, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тақлид ба фарҳангу либоси бегона, пошхўрии оилаҳои ҷавон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ҷамъомад баргузор гардид. Дар ин бора аз ҳукумати шаҳри Ҳисор ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷамъомад раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода, сардорони сохторҳои қудратӣ, раёсатҳо, мудирони шуъбаҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, раисони кумитаҳои маҳал, раисон ва муовинони раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ходимони дин, аҳли зиё, фаъолон ва собиқадорони меҳнат Руқия Қурбонова, Марҳабо Ҷабборӣ ва соҳибкорзан Сурайё Уроқова иштирок намуданд. Зимни ҳамоиши мазкур ҷараёни иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълими тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифтанд.
Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода дар ҷамъомад иброз намуд, ки бо мақсади амали озодонаи иттиҳодияҳои динӣ, аз байн бурдани ҳаракату ҷунбишҳои ифротгаро, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», бо мақсади беҳбуд бахшидан ба вазъи зиндагии аҳолӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ» ва ҷиҳати тарбияи насли ҷавону ояндасоз, афзун намудани меҳри падарию модарӣ, устувории оилаҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълими тарбияи фарзанд» қабул гардиданд, ки иҷрои талаботи ин қонунҳо метавонад роҳи моро барои расидан ба олитарин ҳадафҳои давлатдорӣ осонтар намояд.
Ҳамчунин дар ҳамоиш зикр гардид, ки бояд аз ҳисоби мутахассисон, олимони диншинос ва ходимони дин гурӯҳи корӣ доир ба таҳияи маводи ташвиқотиву тарғиботӣ таъсис дода, роҳу усулҳои нави корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеаро ба роҳ монд.
Ниҳодҳои дахлдор бояд танзими оила, эҳтироми зану шавҳар, хушунати оилавӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, дар амал татбиқ намудани барномаҳои давлатӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, саводнокӣ ва маърифати ҳуқуқии занону духтаронро назорат бурда, ҷиҳати пешгирии падидаҳои номатлуб дар байни онҳо, аз байн бурдани либосҳои ба фарҳанги мо бегона, тарбияи насли солиму созанда, тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди фаъолияти соҳибкории занон, ба касбомӯзӣ ва шуғли доимӣ фаро гирифта шудани занону духтарон тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар ин замина бояд иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълими тарбияи фарзанд»-ро пайваста таъмин намуда, ҷиҳати фарогирии хонандагон ба зинаи сеюми таҳсил, ба роҳ мондани корҳои иловагии таълимию тарбиявӣ бо хонандагони душвортарбия, ташкили мусобиқаҳои варзишӣ, барномаҳои илмию фарҳангӣ ва беҳтар гардидани ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо падару модарон чораҷӯӣ намоянд.








Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид






