Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Тоҷикистон масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ баррасӣ шуданд

Ноябрь 28, 2026 16:43

ДУШАНБЕ, 28.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 27 ноябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Рушди сармояи инсонӣ, тақвияти иқтидорҳои истеҳсолӣ ва истифодаи технологияҳои муосир» баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин шуро.

Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат, аз ҷумла баланд бардоштани сифати сармояи инсонӣ, таъмини рақобатпазирии истеҳсолоти ватанӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта ва ғайра баррасӣ шуданд.

Иброз гардид, ки дар шароити дигаргуниҳои босуръати иқтисоди ҷаҳонӣ иқтидори ҳар давлат беш аз пеш на танҳо бо захираҳои табиӣ ва имкониятҳои молиявӣ, балки бо сатҳи дониш, малакаи касбӣ, қобилияти навоварии инсон ва истифодаи самараноки дастовардҳои илму технология муайян мегардад.

Муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Камолзода иброз дошт, ки татбиқи ҳадафи чоруми стратегии миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат дар баробари афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, рушди сармояи инсонӣ, таҷдиди иқтидорҳои истеҳсолӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафтаро тақозо менамояд.

«Соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 66 миллиарду 726 миллион сомонӣ расида, нисбат ба соли қаблӣ 22,1 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар давоми солҳои 2019–2025 дар мамлакат зиёда аз 2600 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуда, беш аз 87 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст»,-гуфт Юсуф Камолзода.

Изҳор гардид, ки дар марҳилаи кунунӣ таваҷҷуҳи асосӣ дар баробари афзоиши шумораи корхонаҳо ба рушди сифатии саноат, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, коркарди амиқи ашёи хоми ватанӣ ва истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда равона гардидааст.

Таъкид шуд, ки таъмини истеҳсолоти ватанӣ бо мутахассисони баландихтисос яке аз шартҳои асосии татбиқи ин вазифаҳо мебошад. Аз ҷумла, соли 2025 дар муассисаҳои таълимии тобеи Вазорати саноат ва технологияҳои нав беш аз 8 ҳазор донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шуда, зиёда аз 20 барномаи нави таълимӣ дар самтҳои муҳандисӣ, технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва иқтисоди рақамӣ ҷорӣ гардидааст. Ин нишондиҳандаҳо аҳамияти пайванди низоми таҳсилот бо талаботи воқеии истеҳсолотро бозгӯ менамоянд. Зеро корхонаҳои муосир на танҳо ба таҷҳизоти пешрафта, балки ба мутахассисоне ниёз доранд, ки қобилияти идоракунӣ, такмил ва офаридани технологияҳои навро дошта бошанд.

Дар ҷаласа ҳамчунин ба аҳамияти татбиқи «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Гуфта шуд, ки  яке аз ҳадафҳои стратегия то соли 2040 ба 5 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ расонидани ҳиссаи даромад аз татбиқи технологияҳои зеҳни сунъӣ мебошад.

Муовини директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Яздонзода таъкид дошт, ки рушди сармояи инсонӣ, тақвияти иқтидорҳои истеҳсолӣ ва истифодаи технологияҳои муосир се самти ҷудогона набуда, балки се ҷузъи ба ҳам алоқаманди пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ мебошанд.

Дар ин замина таъсиси Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон, рушди литсейҳои инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб, инчунин таъсиси мактаби муосири технологияҳои рақамии «Школа 21» аз иқдомҳои муҳими ташаккули низоми омодасозии кадрҳои насли нав арзёбӣ гардиданд.

Ин мактаб барои шаҳрвандони аз 18-сола боло имконияти омӯзиши ройгони касбҳои муосири соҳаи технологияҳои иттилоотиро дар асоси азхуд намудани малакаҳои амалӣ ва иҷрои лоиҳаҳои воқеӣ фароҳам хоҳад овард.

Дар баробари омодасозии мутахассисон, фароҳам овардани шароит барои татбиқи дониш, малака ва ғояҳои навоваронаи онҳо низ аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Бо ин мақсад IT Park Dushanbe таъсис дода шуда, бунёди маҷмааи муосири технологии IT Hub Dushanbe оғоз гардидааст. Ин маҷмаа имкониятҳои таълим, таҳқиқоти илмӣ, соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва истеҳсоли маҳсулоти технологиро дар муҳити ягона муттаҳид хоҳад намуд.

Дар ҷаласа таъкид шуд, ки тақвияти робитаи илм бо истеҳсолот, мутобиқ намудани таҳсилоти касбӣ ба талаботи бозори меҳнат, дастгирии соҳибкории инноватсионӣ, ҷалби сармоя ба истеҳсолоти технологӣ, баланд бардоштани маърифати рақамии аҳолӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои васеъ барои ҷавонону занон аҳамияти махсус доранд.

АКС: Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 28, 2026 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар маркази ташхисию табобатии «Луқмони Ҳаким-2014» 40 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 39-уми Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ИДМ дар Тошканд иштирок намуд
Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб синфхона-озмоишгоҳҳои муосир ба истифода дода шуданд
КАСБОМӮЗӢ — РОҲИ РАСИДАН БА ШУҒЛИ УСТУВОР. Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир беш аз 44 ҳазор нафарро ба омӯзиш фаро гирифт
Оид ба тартиби гузаронидани экспертизаи зиддитабъизии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Нуробод масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ бо Ҷопон баррасӣ гардиданд
Дар Минск ҷаласаи Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони ИДМ баргузор гардид
ҲУНАР ОМӮЗ! Дар Тоҷикистон беш аз 77 ҳазор наврасон ба муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ҷалб гардидаанд
Дар Литсейи касбии техникии саноати насcоҷии Душанбе Маркази минтақавии омӯзишӣ оид ба ғизои мактабӣ ба истифода дода шуд
«ҲУНАРМАНДИ СОЛ-2026». Даври ҷумҳуриявии озмун ҷамъбаст гардид
Роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон Габриэл Акимова: «Тоҷикистон як гавҳари ниҳон аст»
Дар Хадамоти иҷро масъалаи рақамикунонӣ ва тақвияти ҳамкории байниидоравӣ дар шароити муосир баррасӣ гардид