Дар шаҳри Наннин муносибатҳои Тоҷикистон бо вилояти мухтори Гуансӣ-Чжуани Чин баррасӣ гардиданд

Октябрь 16, 2019 13:36

ДУШАНБЕ, 16.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 15 октябр дар шаҳри Наннин муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид дар доираи иштирок дар Форуми ҳафтуми ҳамкории Чин-Осиёи Марказӣ бо Раиси вилояти мухтори Гуансӣ-Чжуани Чин Чэн У вохӯрӣ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод  ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин хабар медиҳад.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ аз рушди батадриҷи муносибатҳои дуҷонибаи дӯстию ҳамсоягии нек тавсеа ёфтани робитаҳои байниминтақавиро, ки яке аз самтҳои асосии шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистону Чин ба ҳисоб меравад, муҳим арзёбӣ намуданд.

Таъкид бар он карда шуд, ки дар Тоҷикистон имрӯзҳо фазои мусоиди сармогузорӣ ва иқтидори калони ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун фароҳам мебошанд ва ҳарду ҷонибро мебояд имконияти ба роҳ мондани ҳамкориро дар соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳои мавриди манфиатдорӣ ва имкониятҳои якдигар, инчунин истиқрори муносибатҳои бародариро байни шаҳру ноҳияҳои ҷонибҳо баррасӣ намоянд.

АКС аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин

 

 

Октябрь 16, 2019 13:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид