Дар шаҳри Наннин муносибатҳои Тоҷикистон бо вилояти мухтори Гуансӣ-Чжуани Чин баррасӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 16.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 15 октябр дар шаҳри Наннин муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид дар доираи иштирок дар Форуми ҳафтуми ҳамкории Чин-Осиёи Марказӣ бо Раиси вилояти мухтори Гуансӣ-Чжуани Чин Чэн У вохӯрӣ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин хабар медиҳад.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ аз рушди батадриҷи муносибатҳои дуҷонибаи дӯстию ҳамсоягии нек тавсеа ёфтани робитаҳои байниминтақавиро, ки яке аз самтҳои асосии шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистону Чин ба ҳисоб меравад, муҳим арзёбӣ намуданд.
Таъкид бар он карда шуд, ки дар Тоҷикистон имрӯзҳо фазои мусоиди сармогузорӣ ва иқтидори калони ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун фароҳам мебошанд ва ҳарду ҷонибро мебояд имконияти ба роҳ мондани ҳамкориро дар соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳои мавриди манфиатдорӣ ва имкониятҳои якдигар, инчунин истиқрори муносибатҳои бародариро байни шаҳру ноҳияҳои ҷонибҳо баррасӣ намоянд.
АКС аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин








Сафири Тоҷикистон ба сардори ташрифоти Вазорати федералии корҳои аврупоии Австрия нусхаҳои эътимодномаҳояшро супорид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико нусхаҳои эътимодномаҳои худро ба Котиботи давлатии ИМА супорид
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Непал эътимоднома супорид
Сафири Тоҷикистон дар Форум оид ба иқтидори ашёи хоми минералӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Ню-Йорк вохӯрии Гурӯҳи дӯстони об баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба натиҷаҳои Вохӯрии 7-уми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Маҷмаи Умумии СММ қатъномаи Тоҷикистонро дар бораи «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027» қабул намуд
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Москва дар Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва технология иштирок намуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ расман ба кор оғоз намуд
Дар Париж доир ба татбиқи қатъномаи «Даҳсолаи амал оид ба илмҳои криосферӣ, 2025-2034» ҷаласа баргузор гардид
Машваратҳои консулӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Эрон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷии Испания нусхаи эътимоднома супорид






