Дар шаҳри Ваҳдат ҷаласаи сайёри Шӯрои ҷамъиятӣ баргузор гардид
ВАҲДАТ, 28.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ҷаласаи сайёри Шӯрои ҷамъиятӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шуҳрат Азиззода, узви Шӯрои ҷамъиятӣ Мусо Асозода, котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятӣ Нуралӣ Саидов ва аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ аз шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Рӯдакӣ, Варзоб ва Файзобод иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҷамъомади мазкур аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ дар мавзӯъҳои «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон- кафили сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ва «Ҷоннок намудани доираи фаъолияти шӯроҳои ҷамъиятии шаҳри Ваҳдат ва ноҳияҳои Варзоб, Файзободу Рӯдакӣ бо назардошти вазъияти кунунии ҷаҳонӣ» маърӯза намуданд. Зимни ҳамоиш дар доираи ин мавзӯъҳо саволу ҷавоб сурат гирифт.
Раиси Шӯрои ҷамъиятии шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода изҳор дошт, ки дар ҷомеа раванди созандагиву ободкорӣ беш аз ҳарвақта вусъат пайдо карда, мардум ҳамаи захираву имконият ва саъю кӯшиши худро ба хотири истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ- 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон равона кардаанд. Зеро маҳз ба шарофати истиқлолият, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мақоми шоиста пайдо карда, ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид.
Дар ҷаласа зикр гардид, ки имрӯзҳо аз ҳар фарди ватандӯст ва бонангу номуси ҷомеа беш аз пеш тақозо мешавад, ки бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ ва неруи дучанд вазифаи худро дар назди Ватан ва халқи хеш адо намуда, дар ин раванд нақшу мақоми Шӯрои ҷамъиятӣ бояд хеле муассир ва назаррас бошад. Ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, ниҳодҳои миллӣ, ташкилоту созмонҳои ҷавонону занон, аҳли илм, аъзои иттиҳодияҳои эҷодӣ ва кулли мардум бояд истиқлолият, ваҳдат, манфиатҳои давлату миллатро аз ҳамаи манфиатҳои гурӯҳию ҳизбӣ болотару афзалтар гузоранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад






