Дар Суғд ҷаласаи панҷуми гурӯҳи коршиносони сатҳи баланди сайёҳии кишварҳои узви СҲИ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 4.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. 3 октябр дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар ҳошияи ҷаласаи сеюми вазирони сайёҳии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) ҷаласаи панҷуми гурӯҳи коршиносони сатҳи баланди сайёҳии кишварҳои узви СҲИ баргузор гардид. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Зимни ҷаласаи мазкур Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода нахуст ташрифи меҳмонон — коршиносони кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодиро ба Тоҷикистони офтобрӯя хайрамақдам гуфта, аз таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи сайёҳӣ ёдовар шуд.
Сипас, коршиносон лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи 3 – юми вазирони сайёҳии узви СҲИ ва дигар масоили мавриди назарро баррасӣ намуданд.
Бояд таъкид кард, ки имрӯз дар Кохи Рӯдакии шаҳри Ҳуҷанд ҷаласаи сеюми вазирони сайёҳии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) ва коршиносони аршади он баргузор мегардад.










Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад






