Дар Тоҷикистон ҷаласаи сеюми вазирони сайёҳии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир мегардад

Октябрь 1, 2019 15:41

ДУШАНБЕ, 01.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. 3-4 октябр дар шаҳри Ҳуҷанди вилояти Суғд ҷаласаи сеюми вазирони сайёҳии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) ва коршиносони аршади он баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар доираи ҷаласа нахуст ҷаласаи 5-уми Гурӯҳи коршиносони сатҳи баланд (HLEG) оид ба сайёҳӣ доир гашта, изҳорот/рӯнамоиҳои кишварҳои узв муаррифӣ мегарданд. Сипас Лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи 3-юми вазирони сайёҳии узви ЭКО, қарорҳои ҷаласаи 2-юми вазирони ЭКО оид ба сайёҳӣ,  Нақшаи амал оид ба сайёҳӣ, таҷдид ва шарҳи Нақшаи амал оид ба экотуризм дар минтақаи ЭКО, Лоиҳаи Стратегияи минтақавии сайёҳии ЭКО, лоиҳаҳои нав дар соҳаи сайёҳӣ, интихоби пойтахти ЭКО оид ба сайёҳӣ, вусъат додани ҳамкории кишварҳои узв дар соҳаи сайёҳии тиббӣ, раводиди ЭКО барои сайёҳӣ, шабакаи операторҳои ЭКО-тур (бастаи ECO Tour), таҳияи Эъломияи Хуҷанд, макони баргузории ҷаласаи навбатӣ, тасдиқи гузориши лоиҳаи ҷаласаи 3-юми вазирон оид ба сайёҳӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба сайёҳии кишварҳои узви ЭКО мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Минтақаи ЭКО бо масоҳати беш аз 8 миллион километри мураббаъ аз марказ ба ҷануб ва ба ҷанубу ғарби Осиё тӯл мекашад ва тақрибан 450 миллион аҳолӣ бо зебоиҳои табииву гуногуншаклии мероси таърихиву фарҳангии худ шинохта шудааст. Аз ин ҷиҳат, он дорои иқтидори бузург ва яке аз минтақаҳои асосии сайёҳии ҷаҳон маҳсуб ёфта, хотираҳои Роҳи қадимаи Абрешимро эҳё мекунад.

Мавриди зикр аст, ки соҳаи сайёҳӣ бахши муҳими иқтисодии кишварҳо мебошад ва он на танҳо манбаи муҳими мубодилаи асъор, балки омили эҷоди тиҷорати маҳаллӣ ва шуғл дар иқтисодиёти кишварҳо мебошад. Сайёҳӣ роҳи муҳимтарини мусоидат ба сулҳи ҷаҳонӣ тавассути ҳамдигарфаҳмии васеъ ва наздикшавии фарҳангӣ мебошад. Аксари кишварҳои рӯ ба инкишоф сайёҳиро ҳамчун манбаи даромад аз содирот ва воридшавии сармоя аз кишварҳои пешрафта меҳисобанд.

Стратегияҳои туризм ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири муҳими раванди рушди иқтисодӣ таҳия карда мешаванд. Сайёҳӣ барои рафъи мушкилоти тавозуни пардохт, ташкили ҷойҳои корӣ ва баланд бардоштани даромади умумӣ манфиатҳои муҳим фароҳам меорад.

Октябрь 1, 2019 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ