Дар Тоҷикистон бонки нав — «Арванд» ба фаъолият шурӯъ кард
ДУШАНБЕ, 02.10.2019/АМИТ «Арванд»/. Дар Тоҷикистон боз як бонки нав- «Арванд» ба фаъолият оғоз кард. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба Раиси Бонки «Арванд» Шоира Содиқова иҷозатнома барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷиро супорид.
Бино ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, Бонки «Арванд» дар заминаи муттаҳид гардидани Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Арванд» ва ҶСП «АксесБонк Тоҷикистон» таъсис дода шудааст.
Тибқи хабари сарчашма, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни супоридани Иҷозатнома ба Раиси Бонки «Арванд» Шоира Содиқова барои васеъ кардани доираи фаъолият дар манотиқи гуногуни мамлакат, аз ҷумла таъсиси филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии нав, мусоидат ба миёнаравии молиявӣ дар ҷумҳурӣ, саҳм гузоштан дар коҳиши фоизҳои қарзӣ ва бо ин мусоидат намудан ба дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои арзону босифат дастур дод.
Ҳамзамон ба ҳайси як зан — роҳбари бонки тиҷоратӣ саҳм гузоштан дар ҷалби бонувон ба низоми бонкӣ бо таъсиси ҷойҳои нави корӣ тавсия дода, барои фаъолияти пурсамар ва амалӣ намудани нақшаҳои дар пешгузошта ҷиҳати саҳмгузорӣ дар рушди низоми бонкӣ муваффақият таманно кард.








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






