Дар Тоҷикистон фазои озод ва бемонеа барои ҳаракати маъюбӣ ва фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятии маъюбон фароҳам аст — бардошт аз Форуми байналмилалӣ оид ба масоили маъюбӣ

Октябрь 18, 2019 12:30

ДУШАНБЕ, 18.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба масоили маъюбӣ баргузор гардид. Дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, намояндаи доимии Созмони Милали Муттаҳид  дар Тоҷикистон  Пратибҳа Меҳта, роҳбари Намояндагии  Ташкилоти умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон Тасним Ататраҳ, котиби Форуми аврупоӣ оид ба маъюбӣ Гунта Анча,  намояндагони вазорату идораҳо,  ташкилотҳои ҷамъиятии шаҳрвандӣ, иттиҳодияҳои миллии маъюбон,  ташкилотҳои байналмилалии ғайриҳукуматӣ ва дигар шарикони рушд иштирок намуданд.

Тавре муовини  Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим зикр намуд,  имрӯз бо ташаббуси  Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санадҳои дахлдори қонунгузорӣ марбут ба тамоми ҷанбаҳои масъалаҳои маъюбӣ, аз ҷумла, таъминоти иҷтимоӣ, мусоидат ба шуғли маъюбон ва таъмини муҳити  дастрас таҳия ва қабул гардидаанд.  Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон»,    «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020» ва даҳҳо санадҳои дигар  далели гуфтаҳои боло мебошанд.

«Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат  сохторҳо ва субектҳои давлатии тъминкунандаи сиёсати иҷтимоии давлат дар самти таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои маъюбон ба таври шоиста вобаста ба имкониятҳои молиявии ҷумҳурӣ таъсис дода шудаанд ва  имрӯз онҳо ба таври васеъ фаъолият менамоянд.  Чунин мақоми  ҳамоҳангсоз ва роҳбарикунанда Шӯрои ҳамоҳангсози масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ғайр аз ин  дар Тоҷикистон фазои озод ва бемонеа барои ҳаракати маъюбӣ ва таъсис додану фаъолият кардани ташкилотҳои ҷамъиятии маъюбон фароҳам оварда шудааст», -гуфт муовини  Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим.

Мавриди ёдоварист, ки моҳи марти соли 2018 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар шаҳри Ню-Йорки ИМА зери Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои шахсони маъюб имзо гузоштанд.

Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои шахсони маъюб аз тарафи Ассамблеяи Созмони Милали Муттаҳид 13 декабр соли 2006 қабул гардида, 3 майи соли 2008 баъди аз ҷониби 20 давлати олам тарафдорӣ ёфтан ҳукми қонунӣ гирифт.

Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи мушкилоти соҳаи иҷтимоӣ, бахусус раванди маъюбиятро дар мамлакат ба эътибор гирифта, онро дар қатори дигар ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид ба Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030,  Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2016-2020 ворид намуд.

Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла шахсони дорои имконияти  маҳдуд  аз самтҳои муҳим ва асосии сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини кафолатҳои иҷтимоии мардум, хусусан маъюбон тадбирҳои назаррас ба  анҷом расонидааст.

Мавриди зикр аст, ки тибқи қонунгузории амалкунанда барои маъюбон як қатор имтиёзҳо ва кафолатҳои иҷтимоии давлатӣ муқаррар гардидаанд. Ҳоло дар мамлакат маъюбон ба таҳсилоти умумӣ, касби миёна ва олӣ фаро гирифта шуда, аз ҷониби Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил ва касбомӯзӣи онҳо имтиёзҳо муқаррар шудаанд.

Имрӯз дар мамлакат қариб 149 ҳазор нафар шахсони маъюб, аз ҷумла 15 ҳазор нафар маъюбони гурӯҳи якум, зиёда аз 27 ҳазор нафар маъюбони то 18-сола ва 71 ҳазор нафар ятимон умр ба сар мебаранд.

Мақсад аз баргузории Форуми байналмилалӣ оид ба масоили маъюбӣ- ин баррасии вазъи мушкилоти марбут ба шахсони  маъюб дар Тоҷикистон,  раванди ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон, нақши созмонҳои ҷаҳонӣ, ташкилоту муассисаҳои хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ дар амалишавии ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони маъюб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

 

Холисаи АСОМИДДИН,
Тоҳирҷон САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Октябрь 18, 2019 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ масоили ҳамкории илмию таҳлилиро баррасӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пурра навсозӣ гардид
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Аз 1 апрел кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ фаро гирифта мешаванд
Дар ноҳияи Айнӣ сеюмин ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ баргузор шуд
НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ МУЖДАИ НЕКИ БАҲОРИ ХУРРАМ. Дар Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳи хоса таҷлил шуд
Тоҷикистон терроризму ифротгароиро қотеона маҳкум менамояд
24 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ. Ҳадаф аз он огоҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ мебошад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли гулкарам масунияти инсонро боло мебардорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли ғизои солим беҳтарин роҳи ҳифзи солимии шахс мебошад
Кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷашни Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд