Дар Тоҷикистон Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ таҳия ва қабул мегардад
ДУШАНБЕ, 03.10.2019/АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки дар оянда дар Тоҷикистон Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ қабул гардад. Дар ин замина Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ барои таҳияи Стратегия таъсис додааст ва барои расонидани кумаки техникӣ ва ҷалби коршиносони байналмилалӣ, Созишнома бо Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар доираи лоиҳаи «CAFINC» ба имзо расонида шуд, ки қадамҳои минбаъдаро барои таҳияи Стартегияи миллии фарогирии молиявӣ муайян менамояд.
Дар ин росто, дар Душанбе раванди таҳияи «Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» зимни нишаст баррасӣ гардид. Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова изҳор дошт, ки дар шароити муносибатҳои муосири хоҷагидорӣ натиҷаҳои фаъолияти низоми бонкӣ ва молиявии мамлакат тавассути фаро гирифтани аҳолӣ ба хизматрасониҳои гуногуни молиявию бонкӣ баҳодиҳӣ мешаванд. Аз ин рӯ, Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади дастрасию истифодаи хизматрасониҳои баландсифати бонкӣ баҳри рушди соҳибкории хурду миёна, зиёд гардидани миқдори суратҳисобҳо дар ташкилотҳои қарзӣ, ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тавассути низомҳои пардохтии электронӣ, интиқоли маблағҳои пулӣ, ҷалби пасандозҳои аҳолӣ, пешниҳоди қарзҳои дастрас, рушди бозори суғуртавӣ ва баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ зарурати таҳияи «Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро муҳим ва саривақтӣ мешуморад.
Муовини директори Котиботи Швейтсария оид ба масоили иқтисодӣ (SECO) Коринн Деменҷ ва Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян Петер Олтерс зикр карданд, ки таҳияи «Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» саривақтӣ буда, метавонад ба рушди минбаъдаи иқтисодиёти мамлакат саҳми арзанда гузорад.
Мутахассисону намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии Бонки миллии Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ доир ба «Стратегияи миллӣ оид ба дастрасии молиявӣ: таҷрибаи ҷаҳонӣ ва беҳтарин амалияҳо барои Тоҷикистон», «Вазъи дастрасии молиявӣ дар Тоҷикистон» «Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Тоҷикистон: қадамҳои пешниҳодшаванда, раванд ва муҳлатҳо» сухан карда, оид ба вазъи дастрасии молиявии кунунӣ дар Тоҷикистон ва корҳои дар ин самт анҷомдодашуда, ташкили раванди таҳия ва муҳлати пешниҳоди он маълумоти мухтасар пешниҳод намуданд. Аъзои Гурӯҳи кории «Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир ба самти техникӣ, таҳияи лоиҳа, муайянсозии ҳадафҳо, замина, ҳамоҳангсозии кори Гурӯҳи корӣ, муҳлатҳои пешкаши маводҳо ва роҳҳои таҳвили нуқтаҳои дастрасӣ ибрози назар карданд.
Зикр гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии бонкӣ, савияи касбии кормандони низоми бонкӣ ва пешниҳоди қарзҳои дастрасу босифат, мусоидат ба рушди иқтисодиёти рақамӣ омода аст бо вазорату идораҳо, ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва тарафҳои манфиатдор ҷиҳати таҳия ва коркарди «Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамкории судманд роҳандозӣ намояд.










Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад






