Дар Тоҷикистон Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ таҳия ва қабул мегардад

Октябрь 3, 2019 16:20

ДУШАНБЕ, 03.10.2019/АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки дар оянда дар Тоҷикистон Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ қабул  гардад. Дар ин замина Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ барои таҳияи Стратегия таъсис додааст ва барои расонидани кумаки техникӣ ва ҷалби коршиносони байналмилалӣ, Созишнома бо Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар доираи лоиҳаи «CAFINC» ба имзо расонида шуд, ки қадамҳои минбаъдаро барои таҳияи Стартегияи миллии фарогирии молиявӣ муайян менамояд.

Дар ин росто, дар Душанбе раванди таҳияи «Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» зимни нишаст баррасӣ  гардид.  Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова изҳор дошт, ки дар шароити муносибатҳои муосири хоҷагидорӣ натиҷаҳои фаъолияти низоми бонкӣ ва молиявии мамлакат тавассути фаро гирифтани аҳолӣ ба хизматрасониҳои гуногуни молиявию бонкӣ баҳодиҳӣ мешаванд. Аз ин рӯ, Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади дастрасию истифодаи хизматрасониҳои баландсифати бонкӣ баҳри рушди соҳибкории хурду миёна, зиёд гардидани миқдори суратҳисобҳо дар ташкилотҳои қарзӣ, ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тавассути низомҳои пардохтии электронӣ, интиқоли маблағҳои пулӣ, ҷалби пасандозҳои аҳолӣ, пешниҳоди қарзҳои дастрас, рушди бозори суғуртавӣ ва баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ зарурати таҳияи «Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро муҳим ва саривақтӣ мешуморад.

Муовини директори Котиботи Швейтсария оид ба масоили иқтисодӣ (SECO) Коринн Деменҷ ва Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон  Ян Петер Олтерс зикр  карданд, ки таҳияи «Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» саривақтӣ буда, метавонад ба рушди минбаъдаи иқтисодиёти мамлакат саҳми арзанда гузорад.

Мутахассисону намояндагони Бонки ҷаҳонӣ,  Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии Бонки миллии Тоҷикистон  ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ доир ба «Стратегияи миллӣ оид ба дастрасии молиявӣ: таҷрибаи ҷаҳонӣ ва беҳтарин амалияҳо барои Тоҷикистон», «Вазъи дастрасии молиявӣ дар Тоҷикистон» «Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Тоҷикистон: қадамҳои пешниҳодшаванда, раванд ва муҳлатҳо» сухан карда, оид ба вазъи дастрасии молиявии кунунӣ дар Тоҷикистон ва корҳои дар ин самт анҷомдодашуда, ташкили раванди таҳия ва муҳлати пешниҳоди он маълумоти мухтасар пешниҳод намуданд. Аъзои Гурӯҳи кории «Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир ба самти техникӣ, таҳияи лоиҳа, муайянсозии ҳадафҳо, замина, ҳамоҳангсозии кори Гурӯҳи корӣ, муҳлатҳои пешкаши маводҳо ва роҳҳои таҳвили нуқтаҳои дастрасӣ ибрози назар карданд.

Зикр гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии бонкӣ, савияи касбии кормандони низоми бонкӣ ва пешниҳоди қарзҳои дастрасу босифат, мусоидат ба рушди иқтисодиёти рақамӣ омода аст   бо вазорату идораҳо, ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва тарафҳои манфиатдор ҷиҳати таҳия ва коркарди «Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамкории судманд роҳандозӣ намояд.

Октябрь 3, 2019 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ҳамчун «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» эътироф гардид
Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд
«Centrum Air» парвозҳои мустақимро дар масири Тошканд-Душанбе-Тошканд ва Самарқанд-Душанбе-Самарқанд оғоз менамояд
Тоҷикистон ва Қирғизистон теъдоди парвозҳои мунтазам ва хатсайри автобусҳоро афзоиш медиҳанд
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1234 то 0.1220 сомонӣ муқаррар шудааст
Тибқи Стратегияи рушди саноати нассоҷӣ дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис дода мешавад
Байни палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Қирғизистон Шурои корӣ таъсис дода мешавад
Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соҳаи стандартизатсия ва метрология Созишнома ба имзо расониданд
Олимони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро тақвият мебахшанд
Дар Нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ байни ширкатҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Узбекистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар мавсими имсола IRS 100 километр роҳро таъмири ҷорӣ менамояд