Дар Ӯзбекистон Фестивали байналмилалии «Naqshbandi Tourism Festival 2019» доир мегардад
ДУШАНБЕ, 30.10.2019/АМИТ «Ховар»/. Аз 31 октябр то 7 ноябр дар Ӯзбекистон дуюмин Фестивали байналмилалии сайёҳии «Naqshbandi Tourism Festival 2019» баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» ба истинод ба маркази матбуоти Кумитаи давлатии туризми Ӯзбекистон иттилоъ медиҳад. Интизор меравад, ки дар Фестивал беш аз 250 нафар пайравони тариқати тасаввуфи нақшбандия аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон, назири Малайзия, Индонезия, Туркия, Британияи Кабир, Зеландияи Нав, Чин, Ҳиндустон, Австралия, Амрико, Африқои Ҷанубӣ ва дигар давлатҳои ҷаҳон иштирок намоянд.
Иштирокдорони Фестивал аз зиёратгоҳҳо, маконҳои муқаддас ва муҷтамаъҳои таърихию бостонии Ӯзбекистон боздид менамоянд.
Маркази ҷаҳонии тасаввуф /«World Sufi Center»/ (Малайзия), Кумитаи давлатии туризми Ӯзбекистон ва ширкати сайёҳии «Hilal Travel» аз созмондиҳандагони Фестивали нақшбандия мебошанд.
Тариқати нақшбандия – бародарони суфӣ- ин равия охири асри 14 аз номи асосгузори он Баҳоуддини Нақшбанд (1318-1389), ки зодаи шаҳри Бухоро ва шахсияти барҷастаи мазҳабӣ буд, гирифта шудааст. Имрӯз дар саросари ҷаҳон зиёда аз 40 миллион нафар пайравони таълимоти тасаввуфии нақшбандия вуҷуд доранд. Дар замони худ шоирони барҷастаи адабиёти классикии мардумони тоҷику ӯзбек — Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ аз пайравони тариқати нақшбандия буданд.








Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






