Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Чемпионати Осиё-2020 омодагӣ мебинад

Октябрь 11, 2019 11:00

ДУШАНБЕ,11.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо роҳбарии мутахассиси сербӣ — Деяна Дедович ба машқҳои омодагӣ баҳри иштирок дар бозиҳои интихобии Осиё-2020 оғоз бахшид. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи  футболи Тоҷикистон иттилоъ  медиҳад.  

Барои иштирок дар ин машқҳо ин мутахассис ба ҳайат 17 бозингарро, ки 3 нафарашон дарвозабон мебошанд, даъват намудааст. Дар рӯйхати ниҳоии даста барои ширкат дар ин бозиҳо 14 нафар бозингарон иштирок карда метавонанд. Ҳафтаи оянда, 17 октябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба шаҳри Машҳади Эрон сафар мекунад ва машқҳои ҷамъбастии пеш аз оғози ин мусобиқаро дар ҳамин шаҳр мегузаронад.

Ёдовар мешавем, ки  дар мусобиқоти интихобии Чемпионати Осиё – 2020 оид ба футзал дастаи  мунтахаби Тоҷикистон дар минтақаи иттиҳоди Марказ ва Ҷануб иштирок мекунад. Дар гурӯҳи «А» футзалбозони  шинохта бозиҳои  худро бо дастаҳои мунтахаби  Непал 23 октябр, Афғонистон 24 октябр ва Ӯзбекистон 25 октябр доир хоҳанд намуд. Марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё – 2020 дар шаҳри Урмияи Эрон баргузор мегардад.

Ҳайати пурраи  дастаи  мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал:

Дарвозабонҳо: Фируз Бекмуродов, Муродулло Алиқулов (аз – «Соро компания»), Баҳромхоҷа Сидиқхоҷаев («Сипар»);

Бозингарони майдон: Дилшод Саломов («Сипар»), Шавкат Ҳалимов, Парвиз Раҳматов, Иқбол Воситзода, Баҳодур Хоҷаев (аз – «Сипар»), Раҳмоналӣ Шарипов, Муҳаммадҷон Шарипов, Файзалӣ Сардоров, Умед Кузиев, Собирҷон Гуляков, Идрис Ёров (аз – «Соро компания»), Қувватбек Равшанбеков («Памир»), Самандар Ризомов («Карон»), Рустам Ҳамидов («Сан Сити», Қирғизистон).

Октябрь 11, 2019 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад