Дорандагони кортҳои низомҳои «Корти миллӣ» ва «Мир» имкон доранд аз шабакаҳои терминалии бонкӣ истифода баранд

Октябрь 29, 2019 11:30

ДУШАНБЕ, 29.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо татбиқи лоиҳаи ҳамгироии Низоми пардохти миллии «Корти миллӣ» (Тоҷикистон) ва «Мир» (Россия) дорандагони кортҳои низомҳои «Корти миллӣ» ва «Мир» имкон доранд аз шабакаҳои терминалии бонкӣ, ки иштирокчии низоми пардохтии мазкуранд, истифода баранд. Ин нуктаро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода дар мулоқот бо муовини Директори генералии Ҷамъияти саҳомии НМКП «Мир» Сергей Бочкарев баён дошт.

Аз Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки мулоқот дар доираи лоиҳаи ҳамгироии Низоми пардохти миллии «Корти миллӣ» ва НМКП «Мир» дар Душанбе доир гардида, Ҷамшед Нурмаҳмадзода аз ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Низоми миллии кортҳои пластикии «Мир» изҳори қаноатмандӣ намуд.

Раиси БМТ иброз дошт, ки  бо татбиқи лоиҳаи ҳамгироии Низоми пардохтии «Корти миллӣ»  ва НМКП «Мир»   имкон фароҳам меояд, ки дорандагони кортҳои пардохтии «Корти миллӣ»  аз хизматрасонии бонкҳои Россия ва дорандагони  кортҳои пардохтии «Мир»  аз хизматрасонии шабакаҳои терминалии бонкҳои Тоҷикистон бархурдор шуда, бо истифода аз имконияти мусоид маблағҳои худро  аз як корт ба корти дигар бемамониат интиқол диҳанд. Дар маҷмӯъ, ҳамгироии мазкур дастрасии шаҳрвандони мамлакатро, ки муваққатан дар Россия  фаъолият мекунанд, ба хизматрасониҳои бонкӣ осон мегардонад.

Лоиҳаи ҳамгироии низомҳои пардохтии «Корти миллӣ» ва «Мир» дар асоси шартномаи ҳамкорӣ аз моҳи ноябри соли 2018 байни низомҳои пардохтӣ оғоз шуда, аз рӯи нақша татбиқи он моҳи декабри соли равон дар назар аст.

Октябрь 29, 2019 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид