Дорандагони кортҳои низомҳои «Корти миллӣ» ва «Мир» имкон доранд аз шабакаҳои терминалии бонкӣ истифода баранд
ДУШАНБЕ, 29.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо татбиқи лоиҳаи ҳамгироии Низоми пардохти миллии «Корти миллӣ» (Тоҷикистон) ва «Мир» (Россия) дорандагони кортҳои низомҳои «Корти миллӣ» ва «Мир» имкон доранд аз шабакаҳои терминалии бонкӣ, ки иштирокчии низоми пардохтии мазкуранд, истифода баранд. Ин нуктаро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода дар мулоқот бо муовини Директори генералии Ҷамъияти саҳомии НМКП «Мир» Сергей Бочкарев баён дошт.
Аз Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки мулоқот дар доираи лоиҳаи ҳамгироии Низоми пардохти миллии «Корти миллӣ» ва НМКП «Мир» дар Душанбе доир гардида, Ҷамшед Нурмаҳмадзода аз ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Низоми миллии кортҳои пластикии «Мир» изҳори қаноатмандӣ намуд.
Раиси БМТ иброз дошт, ки бо татбиқи лоиҳаи ҳамгироии Низоми пардохтии «Корти миллӣ» ва НМКП «Мир» имкон фароҳам меояд, ки дорандагони кортҳои пардохтии «Корти миллӣ» аз хизматрасонии бонкҳои Россия ва дорандагони кортҳои пардохтии «Мир» аз хизматрасонии шабакаҳои терминалии бонкҳои Тоҷикистон бархурдор шуда, бо истифода аз имконияти мусоид маблағҳои худро аз як корт ба корти дигар бемамониат интиқол диҳанд. Дар маҷмӯъ, ҳамгироии мазкур дастрасии шаҳрвандони мамлакатро, ки муваққатан дар Россия фаъолият мекунанд, ба хизматрасониҳои бонкӣ осон мегардонад.
Лоиҳаи ҳамгироии низомҳои пардохтии «Корти миллӣ» ва «Мир» дар асоси шартномаи ҳамкорӣ аз моҳи ноябри соли 2018 байни низомҳои пардохтӣ оғоз шуда, аз рӯи нақша татбиқи он моҳи декабри соли равон дар назар аст.










Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






