Душанбе ба даҳгонаи беҳтарин шаҳрҳои ИДМ барои саёҳати тирамоҳӣ шомил гардид
ДУШАНБЕ, 02.10.2019./АМИТ «Ховар»/. Пойтахти Тоҷикистон–шаҳри Душанбе ба даҳгонаи беҳтарин шаҳрҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои саёҳати тирамоҳӣ шомил гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба портали сайёҳии «ТурСтат», ки рейтинги беҳтарин шаҳрҳо барои сайёҳати тирамоҳӣ пешниҳод кардааст, хабар медиҳад.
Тибқи рейтинги мазкур, ба даҳгонаи беҳтарин шаҳрҳо барои саёҳати тирамоҳӣ инчунин Минск, Остона, Ереван, Алмаато, Боку, Тошканд, Кишинёв, Бишкек ва Ашқобод шомил гардидаанд.
Мутахассисон ин рейтингро дар асоси маъруфияти шаҳрҳо дар байни сайёҳон таҳия намуданд. Сайёҳони рус кадом шаҳрҳоеро, ки барои саёҳат зиёдтар ба нақша гиранд, ҳамон қадар ин шаҳрҳо дар рӯйхати мазкур дар мақоми болотар ҷой мегиранд. Ҳамин тариқ, байни сайёҳон давлатҳои барои сайёҳӣ машҳури ИДМ — Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Арманистон ва Озарбойҷон мебошанд.
Тибқи иттилои «TourStat», сайёҳони мустақил дар тирамоҳ ба шаҳрҳои ИДМ ба муддати кӯтоҳ — аз ду то се рӯз барои истироҳат меоянд. Аммо русҳо тавассути ин ширкат бо истифода аз саёҳатҳои ҳарҳафтаинаи сайёҳӣ аз тамошои зебоиҳои шаҳрҳои ИДМ лаззат бурданро афзалтар медонанд.
Асосан дар кишварҳои ИДМ сайёҳон барои хӯрок ва истиқомат аз 40 то 100 доллар сарф мекунанд.








Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар пойтахт хатсайрҳои сайёҳии маърифатӣ ташкил карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






