Душанбе ба даҳгонаи беҳтарин шаҳрҳои ИДМ барои саёҳати тирамоҳӣ шомил гардид

Октябрь 2, 2019 13:04

ДУШАНБЕ, 02.10.2019./АМИТ «Ховар»/.   Пойтахти Тоҷикистон–шаҳри Душанбе  ба даҳгонаи   беҳтарин  шаҳрҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  барои саёҳати  тирамоҳӣ  шомил гардид. Дар ин бора  АМИТ «Ховар»  бо истинод ба   портали сайёҳии   «ТурСтат», ки  рейтинги беҳтарин шаҳрҳо барои сайёҳати тирамоҳӣ пешниҳод кардааст,   хабар  медиҳад.

Тибқи рейтинги мазкур,  ба даҳгонаи  беҳтарин  шаҳрҳо    барои саёҳати   тирамоҳӣ инчунин Минск, Остона, Ереван, Алмаато, Боку, Тошканд, Кишинёв, Бишкек ва Ашқобод шомил гардидаанд.

Мутахассисон  ин рейтингро  дар асоси  маъруфияти шаҳрҳо дар байни сайёҳон таҳия намуданд. Сайёҳони рус  кадом  шаҳрҳоеро, ки   барои саёҳат зиёдтар ба нақша гиранд,   ҳамон қадар    ин шаҳрҳо  дар рӯйхати мазкур  дар  мақоми  болотар ҷой мегиранд.  Ҳамин тариқ,  байни  сайёҳон   давлатҳои барои  сайёҳӣ машҳури   ИДМ — Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон,  Қирғизистон, Арманистон ва Озарбойҷон мебошанд.

Тибқи иттилои «TourStat», сайёҳони мустақил дар тирамоҳ ба шаҳрҳои ИДМ  ба муддати кӯтоҳ — аз ду то се рӯз барои  истироҳат меоянд. Аммо  русҳо тавассути ин ширкат  бо истифода аз саёҳатҳои ҳарҳафтаинаи сайёҳӣ аз тамошои  зебоиҳои шаҳрҳои ИДМ лаззат бурданро  афзалтар медонанд.

Асосан дар кишварҳои ИДМ сайёҳон барои  хӯрок  ва истиқомат аз 40 то 100 доллар сарф мекунанд.

 

Октябрь 2, 2019 13:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ Созишнома ба имзо расид
Дар баъзе аз кӯчаҳои пойтахт ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ карда мешавад
Имсол ба вилояти Хатлон беш аз ним миллион сайёҳ ворид гардидааст
DITE-2025. Бо ташаббуси Рустами Эмомалӣ Душанбе ба маркази сайёҳии минтақа табдил меёбад
Байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Қирғизистон 9 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Душанбе 37 фоизи кӯдакони синни томактабӣ ба таълиму тарбияи аввалия фаро гирифта шудаанд
15 июл иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии ноҳияи Дарвозро наздики 5000 сайёҳи дохиливу хориҷӣ тамошо намуданд
ТАЪТИЛИ БОФАРОҒАТ. Дар Душанбе 47 майдончаи тандурустиву солимгардонӣ ташкил гардидааст
ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ. Мусобиқаи футболи хурд байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
Дар Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе Маркази нави таълимию истеҳсолӣ таъсис дода мешавад
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад