ФУТБОЛ: Тоҷикистон давраи омодагиашро барои бозӣ бо дастаи мунтахаби Япония оғоз кард
ДУШАНБЕ, 08.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон омодагии хешро барои бозии марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 бар зидди дастаи мунтахаби яккачини Япония оғоз намуд. Ҳайати пурраи дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тамринро шурӯъ намудааст. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба хабари Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, аз 23 футболбози даъватшуда 22 нафарашон ба тамрин фаро гирифта шудаанд. Ҳимоятгари дастаи «Хуҷанд» — Давронҷон Эргашев, ки ӯ низ ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон даъват гардида буд, ҳоло дар пайи бартараф намудани осеб мебошад.
Бозӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Япония дар доираи рақобатҳои марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 15 октябр, соати 17:15, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, чиптаҳои ин бозӣ 20 сомонӣ муқаррар шудаанд.
Ҳайати дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 бо Япония:
Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Фатҳулло Бобоев («Регар-ТадАЗ»);
Ҳимоятгарон: Хуршед Бекназаров («ПС ТИРА», Индонезия), Аҳтам Назаров, Табрези Давлатмир, Зоир Ҷурабоев (ҳама – «Истиқлол»), Давронҷон Эргашев, Манучеҳр Сафаров (ҳарду – «Хуҷанд»);
Ниммуҳофизатгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғория), Нуриддин Давронов («Уммон», Уммон), Амирбек Ҷурабоев («Навбаҳор», Узбекистон), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов, Комрон Турсунов (ҳама – «Истиқлол»), Отабек Каримов, Кароматулло Саидов (ҳарду – «Кӯктош») ;
Ҳамлагарон: Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»), Шериддин Бобоев, Шаҳром Самиев (ҳарду – «Истиқлол»), Манучеҳр Ҷалилов (бе даста).
сармураббӣ: Усмон Тошев
Ҷоми ҷаҳон-2022
Марҳилаи интихобӣ. Даври дуюм
Гурӯҳи «F». Бозии 4-ум
15 октябр (сешанбе)
Оғози бозӣ соати 17:15
Тоҷикистон – Япония
Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе
Ёдовар мешаваем, ки 10 сентябр дар шаҳри Улан Батори Муғулистон бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» байни дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Муғулистон баргузор шуд. Ин вохӯрии ҷолиб бо ҳисоби 1:0 бар нафъи футболбозони тоҷик хотима ёфта буд. Ягона голи ин дидорро Давронҷон Эргашов дар дақиқаи 81 ба ҳадаф расонид.
Бояд хотирнишон кард, ки 5 сентябр бозии нахустини гурӯҳии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» миёни дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо иштироки мухлисони сершумори футболи тоҷик дар сатҳи баланду хотирмон баргузор шуда буд. Дар ин рақобати ҷолиб футболбозони тоҷик бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд. Ягона голи ин дидорро Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 41-ум ба ҳадаф расонид.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» бо дастаҳои миллии Япония, Қирғизистон, Мянмар ва Муғулистон рақобат мекунад.
Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2022
Марҳилаи интихобии Осиё. Даври дуюм
Гурӯҳи «F»
Даври 1-ум
Тоҷикистон – Қирғизистон – 1:0
Гол: Алишер Ҷалилов, 42.
Муғулистон – Мянма – 1:0
Гол: Дулгуун Амараа, 17.
Бозиҳои оянда:
Даври 2-юм
10 сентябр (сешанбе)
Муғулистон 0:1 Тоҷикистон
Гол: Давронҷон Эргашов дақ. 81
Даври 3-юм
10 октябр (панҷшанбе)
Япония – Муғулистон
Қирғизистон – Мянма
Даври 4-ум
15 октябр (сешанбе)
Тоҷикистон – Япония
Муғулистон – Қирғизистон
Даври 5-ум
14 ноябр (панҷшанбе)
Мянма – Тоҷикистон
Қирғизистон – Япония
Даври 6-ум
19 ноябр (сешанбе)
Қирғизистон – Тоҷикистон
Мянма – Муғулистон
Даври 7-ум
26 марти 2020 (панҷшанбе)
Тоҷикистон – Муғулистон
Япония – Мянма
Даври 8-ум
31 марти 2020 (сешанбе)
Муғулистон – Япония
Мянма – Қирғизистон
Даври 9-ум
4 июни 2020 (панҷшанбе)
Япония – Тоҷикистон
Қирғизистон – Муғулистон
Даври 10-ум
9 июни 2020 (сешанбе)
Тоҷикистон – Мянма
Япония – Қирғизистон








ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад






