ХИЗМАТИ ВАТАН — ХИЗМАТ БА МОСТ. Модарони шаҳри Норак фарзандонашонро ба сафи артиши мамлакат гусел намуданд
НОРАК, 02.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дар рӯзи якуми гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баргузории маъракаи тантанавӣ 28 нафар ҷавононро барои хизмат ба Ватан сафарбар намуданд. Дар ин кор бахусус занону модарони шаҳр саҳми калон гузоштанд. Дар ин бора мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Норак Ҳабиба Сафарова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Раиси ҲХДТ дар шаҳри Норак Қумринисо Гулмуродзода иброз дошт, ки модари яке аз ин аскарон зимни маъракаи гусел баён дошт, ки «роҳнамоӣ ва гусели фарзандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ вазифаи муҳимтарини ҳар як модар мебошад. Мақсад аз даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳимояи марзу буми ватан ва баланд бардоштани донишу малакаи низомии ҷавонон мебошад. Зеро хизмат ба Ватан-хизмат ба модар, ба пайвандони худашон аст. Аз ин хотир ҷавононро зарур аст, ки аз хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ худро канор нагиранд ва ба қадри тинҷию оромии мамлакат ва пешрафти вазъи иқтисодии ҷумҳурӣ расида, ватани азизамонро дӯст доранд».
Тибқи иттилои масъулин, аз 28 нафар ҷавонони сафарбаргардида 20 нафари онҳо ҳамчун ронанда ба хизмат шомил гардиданд.
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ вазифаи муҳими ҳар як ҷавони бонангу номус мебошад. Мақсад аз даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ- пурзӯр намудани иқтидори мудофиавии мамлакат, ҳимояи марзу буми Тоҷикистон ва баланд бардоштани донишу малакаи низомии ҷавонон аст. Барои ҳамин, онҳоро зарур аст, ки аз хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ худро канор нагиранд, ба қадри неъматҳои мавҷуда, тинҷию оромӣ ва шукуфонии мамлакат расанд.









ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






