«Иқтисодиёти деҳот: масъалаҳо, дастовардҳо ва самтгирии стратегӣ» — таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 18.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Татбиқи босамари ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон дар зарфи даҳ соли охир имкон дод, ки рушди устувори иқтисодиёти мамлакат ҳамасола ба андозаи 7 фоиз таъмин гардида, беш аз 650 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шаванд. Ин нуктаро дар ҳамоише, ки имрӯз дар Душанбе дар мавзӯи «Иқтисодиёти деҳот: масъалаҳо, дастовардҳо ва самтгирии стратегӣ» доир гардид, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода баён кард.
Мавсуф афзуд, ки дар ин давра даромади пулии аҳолӣ, бахусус аҳолии минтақаҳои дурдасти мамлакат бамаротиб афзоиш ёфта, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ дар муқоиса бо нишондиҳандаи 20 соли охир аз 83 фоиз то 29 фоиз коҳиш ёфтааст. Инчунин дастгирии доимии давлат имкон додааст, ки ҳиссаи бахши хусусӣ, ки фаъолияти бештари аҳолии мамлакатро фаро мегирад, дар истеҳсоли Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то 70 фоиз зиёд гардида, 80 фоизи аҳолии мамлакат аз лиҳози иқтисодӣ фаъол фарогирӣ шаванд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки ҳамоиш бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуда, дар он кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат ва таҳлилгарону коршиносони соҳа иштирок намуда, ҷанбаҳои асосии рушди минтақаҳои мамлакатро мавриди таҳлили амиқ қарор доданд.
Зикр шуд, ки маҳз бо мақсади рушди инфрасохтор ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагӣ дар минтақаҳои мамлакат, хусусан деҳот, ки қисмати зиёди аҳолӣ дар он сукуннат доранд, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 дар ҷумҳурӣ Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст.
Ҳадафи ин иқдом татбиқи талошҳои Ҳукумати мамлакат барои обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмини аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин мебошад. Ҳамзамон бо мақсади таъмини сатҳу сифати беҳтари зиндагӣ дар деҳот «Консепсияи рушди идоракунии маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» тасдиқ гардида, инчунин дар мамлакат мақомоти салоҳиятдор –Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Дар ҳамоиш намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Комилҷон Шамшерзода гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди деҳот ва минтақаҳои мамлакат нақшаи чорабиниҳоро таҳия намудааст, ки он аз 53 банд иборат буда, тибқи он тамоми вазорату идораҳои марбутаи мамлакат муваззаф гардидаанд, ки дар рушди деҳот, хусусан бунёди инфрасохтори он саҳми муносиб гузоранд.
Гуфта шуд, ки эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳанрҳои мардумӣ аз ҷониби Президенти мамлакат заминаи муносибро барои рушди минтақаҳои мамлакат фароҳам овард. Ин иқдом имкон дод, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо дар ҳамкорӣ бо мардум ва бахши хусусӣ ҷиҳати татбиқи барномаҳо ва стратегияҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо мақсади рушди деҳот қабул гардидаанд, саҳми назаррас гузоранд.
Дар ҳамоиш муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Ҳабибулло Амирбекзода, мушовири иқтисодии Шӯрои машваратии нази Президенти ҷумҳурӣ Абдурауф Ҷӯраев ва дигар коршиносон доир ба рушди деҳот, дастовардҳо ва банақшагирии стратегӣ дар даврони Истиқлолият, имкониятҳо ва заимнаҳои рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муколамаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва бахши хусусӣ-замина баҳри рушди иқтисодиёт дар минтақаҳо, иқтисодиёти кишоварзӣ: дастовардҳо ва самтҳои стратегии рушд дар ҷодаи таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ, асосҳои ниҳодии рушди индустриалии минтақаҳои деҳот, рушди иқтисодиёти деҳот- яке аз омиҳои муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ маърӯза намуда, пешниҳодҳои ҷолиб манзур карданд.
Бояд тазаккур, дод, ки дар доираи таҷлили 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар саросари Тоҷикистон ҷабҳаи бузурги созандагӣ ҷараён дорад, ки он ба раванди бузурги бунёкорӣ ва ободонӣ дар саросари минтақаҳои мамлакат табдил гардидааст.
Интизор меравад, ки дар партави Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо назардошти бунёди инфрасохтори гуногуни сатҳи хизматрасонӣ сатҳу сифати зиндагӣ дар деҳот ба шаҳр баробар карда шавад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»










Соли 2025 аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ ба буҷети давлатӣ 26,5 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Масъалаи захираи дусолаи маводи хӯрокворӣ дар ҳар оила нисбат ба ҳарвақта мубрамтар мегардад»
Дар Душанбе Конференсияи I байналмилалӣ оид ба масъалаҳои молия ва баҳисобгирӣ баргузор шуд
Соли 2025 табиати афсонавӣ ва чашмаҳои шифобахши Бадахшонро беш аз 51 ҳазор сайёҳ тамошо намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити зеҳни сунъӣ дар Деҳлии Нав иштирок менамояд
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Ҳангоми хариди моеи зиддисардӣ — антифриз аз фурӯшанда сертификати мутобиқат талаб намоед!»
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ соли 2025 ба беш аз 1,6 миллиард сомонӣ расид
Бахшида ба Рӯзи таъсиси мақомоти гумрук дар Душанбе маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Ширкати «ACWA Power» дар доираи татбиқи тарҳи энергетикӣ дар Тоҷикистон неругоҳи офтобӣ месозад
22 ЯНВАР — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ГУМРУК. Таъмини амнияти иқтисодии Тоҷикистон рисолати асосии ин мақомот аст
Дар Форуми иқтисодии СПЕКА нишондиҳандаҳои гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки аврупоии сармоягузорӣ дар соҳаи гидроэнергетика тақвият меёбад






