«Иқтисодиёти деҳот: масъалаҳо, дастовардҳо ва самтгирии стратегӣ» — таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиш баргузор гардид

Октябрь 18, 2019 14:35

ДУШАНБЕ, 18.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Татбиқи босамари ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон дар зарфи даҳ соли охир имкон дод, ки рушди устувори иқтисодиёти  мамлакат ҳамасола ба андозаи 7 фоиз  таъмин гардида, беш аз 650 ҳазор ҷойҳои нави  корӣ таъсис дода шаванд. Ин нуктаро дар ҳамоише, ки имрӯз дар Душанбе дар мавзӯи  «Иқтисодиёти деҳот: масъалаҳо, дастовардҳо ва самтгирии стратегӣ» доир гардид, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода баён кард.    

Мавсуф афзуд, ки дар ин давра даромади пулии аҳолӣ,  бахусус аҳолии минтақаҳои дурдасти мамлакат бамаротиб афзоиш ёфта,  дар натиҷа  сатҳи камбизоатӣ дар муқоиса бо нишондиҳандаи 20 соли охир аз 83 фоиз то 29 фоиз коҳиш ёфтааст.  Инчунин дастгирии доимии давлат имкон додааст, ки ҳиссаи бахши хусусӣ, ки фаъолияти бештари аҳолии мамлакатро фаро мегирад, дар истеҳсоли Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то 70 фоиз зиёд гардида, 80 фоизи аҳолии мамлакат аз лиҳози иқтисодӣ фаъол  фарогирӣ шаванд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки  ҳамоиш бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуда, дар он кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, намояндагони вазорату  идораҳои марбутаи мамлакат ва таҳлилгарону коршиносони соҳа иштирок намуда, ҷанбаҳои асосии рушди минтақаҳои мамлакатро мавриди таҳлили амиқ қарор доданд.

Зикр шуд, ки маҳз бо мақсади рушди инфрасохтор  ва беҳтар намудани сатҳу сифати  зиндагӣ дар минтақаҳои мамлакат,  хусусан деҳот, ки қисмати зиёди аҳолӣ дар он сукуннат  доранд, аз ҷониби  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон солҳои 2019-2021 дар ҷумҳурӣ Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст.

Ҳадафи ин иқдом татбиқи талошҳои Ҳукумати мамлакат барои обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмини аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли  аҳолинишин мебошад. Ҳамзамон бо мақсади таъмини сатҳу сифати беҳтари зиндагӣ дар деҳот «Консепсияи рушди идоракунии маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» тасдиқ гардида, инчунин дар мамлакат мақомоти салоҳиятдор –Кумитаи рушди маҳали  назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Дар ҳамоиш намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Комилҷон Шамшерзода гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади рушди деҳот ва минтақаҳои мамлакат нақшаи чорабиниҳоро таҳия намудааст, ки он аз 53 банд иборат буда, тибқи он тамоми вазорату идораҳои марбутаи мамлакат муваззаф гардидаанд, ки   дар рушди деҳот, хусусан бунёди инфрасохтори он саҳми муносиб гузоранд.

Гуфта шуд, ки эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳанрҳои мардумӣ аз ҷониби Президенти мамлакат заминаи муносибро барои рушди минтақаҳои мамлакат фароҳам овард. Ин  иқдом имкон дод, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо дар ҳамкорӣ бо мардум ва бахши хусусӣ ҷиҳати татбиқи барномаҳо  ва стратегияҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати  мамлакат бо мақсади рушди деҳот қабул гардидаанд,  саҳми назаррас гузоранд.

Дар ҳамоиш  муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди  Ҳукумати  ҷумҳурӣ Ҳабибулло Амирбекзода, мушовири иқтисодии Шӯрои машваратии нази Президенти ҷумҳурӣ Абдурауф Ҷӯраев ва дигар коршиносон доир ба  рушди деҳот, дастовардҳо ва банақшагирии стратегӣ дар даврони Истиқлолият, имкониятҳо ва заимнаҳои рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муколамаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва бахши хусусӣ-замина баҳри рушди  иқтисодиёт дар минтақаҳо, иқтисодиёти кишоварзӣ: дастовардҳо ва самтҳои  стратегии рушд дар ҷодаи таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ,  асосҳои ниҳодии рушди индустриалии минтақаҳои деҳот, рушди иқтисодиёти деҳот- яке аз омиҳои  муҳими  таъмини амнияти  озуқаворӣ маърӯза намуда, пешниҳодҳои ҷолиб  манзур карданд.

Бояд тазаккур, дод, ки дар доираи таҷлили 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар саросари Тоҷикистон ҷабҳаи бузурги созандагӣ  ҷараён дорад, ки он ба раванди бузурги бунёкорӣ ва ободонӣ дар саросари минтақаҳои мамлакат табдил  гардидааст.

Интизор меравад, ки дар партави Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  бо назардошти бунёди инфрасохтори гуногуни сатҳи хизматрасонӣ сатҳу сифати зиндагӣ дар деҳот ба шаҳр баробар карда шавад.

 

Марзия САИДЗОДА,
 АМИТ «Ховар»

Октябрь 18, 2019 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири кишоварзии Узбекистон дар шаҳри Ҳисор бо фаъолияти корхонаи «Агротехсервис» шинос гардид
«Гардиши мол байни ду давлат дар ояндаи наздик ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонида мешавад», — бардошт аз Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти IFC роҳҳои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба муаррифии ҳисоботи СММ баргузор шуд
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бонн бо намояндагони Вазорати федералии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) тақвият меёбад
Нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар шаҳри Ваҳдат 104,7 фоиз иҷро гардид
«Амонатбонк» дар доираи Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ дар Файзобод ҳамоиши омӯзишӣ баргузор намуд
ҚАЛЪАИХУМБ — ВАНҶ — ДАРВОЗАИ РӮШОН. Вазири нақлиёти Тоҷикистон бо ҷараёни таҷдиду навсозии ин қитъаи роҳ шинос шуд
Дар Душанбе масъалаи таъсиси парки инноватсионии саноатӣ байни Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид
Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи Байналмилалии Асъор дар Вашингтон баррасӣ шуд