Иштирокчиёни марҳилаи финалии Чемпионати Осиё оид ба футзал-2020 муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 29.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё роҳхат гирифт, 27 октябр аз Эрон ба Ватан баргашт. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Деян Дедович дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020, ки дар Урмияи Эрон доир гашт, дар гурӯҳи «А»-и минтақаи Марказӣ/Ҷанубӣ се бозӣ баргузор карда, дар ду бозӣ бар дастаҳои мунтахаби футзали Непал (6:0), Афғонистон (5:2) ғалаба карда, аз дастаи мунтахаби футзали Ӯзбекистон (3:9) мағлуб гашт.
Дар гурӯҳи «А»-и минтақаи Марказӣ/Ҷанубӣ Ӯзбекистон бо се пирӯзӣ ҷои аввал, Тоҷикистон бо ду ғалаба ва як бохт ҷои дуюмро ишғол карда, ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2020 роҳ ёфтанд. Аз гурӯҳи «В» дастаҳои мунтахаби футзали Эрон, Қирғизистон ва Туркманистон (мизбон) ҳаққи иштирок дар марҳилаи финалиро пайдо карданд. Дар минтақаҳои дигар низ бозиҳои интихобӣ баргузор шуда, ҳамаи 16 дастаи иштирокчии марҳилаи финалӣ муайян гардиданд:
- Туркманистон (мизбон)
- Лубнон
- Кувайт
- Арабистони Саудӣ
- Баҳрайн
- Уммон
- Ҷопон
- Чин
- ТОҶИКИСТОН
- Ӯзбекистон
- Эрон
- Қирғизистон
- Тайланд
- Индонезия
- Кореяи Ҷанубӣ
- Ветнам
Ёдовар мешавем,ки марҳилаи финалии Чемпионати Осиё оид ба футзал аз 27 феврал то 8 марти соли оянда дар шаҳри Ашқободи Туркманистон баргузор мешавад.








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






