Консули генералии Тоҷикистон дар Ҷамбули Қазоқистон бо роҳбарони марказҳои фарҳангӣ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 02.10.2019/АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Тарази вилояти Ҷамбули Қазоқистон вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Назир бо роҳбарони марказҳои фарҳангӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар мулоқот доир ба муносибати дӯстонаи дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қазоқистон, раванди рушди ҷомеа ва муносибатҳои ҷамъиятӣ, бахусус ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ сухан карда шуд.
Бояд гуфт, ки дар вилояти Ҷамбул тоҷикони муқимӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, ки асосан бо тиҷорату корҳои хизматрасонӣ машғуланд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки вобаста ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба будубош ва фаъолияти меҳнатӣ ба нақзи қонун набояд роҳ дода шавад.
Иштирокдорони мулоқот дар навбати худ изҳор намуданд, ки сарфи назар аз он ки дар хориҷи мамлакат қарор доранд, ба равандҳои сиёсӣ-иҷтимоии мамлакат бетараф нестанд ва дар чорабиниҳои муҳими ҷомеа фаъолона ширкат намуда, мавқеи шаҳрвандии худро бо масъулияти том муайян месозанд.








Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид






