Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ду нафар сайёҳи хориҷиро дар кӯҳҳои Помир наҷот доданд
ДУШАНБЕ, 05.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду нафар сайёҳи хориҷиро, ки ба ин мақомот сигнали «SOS» равон карданд, наҷот доданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар медиҳад, ин сайёҳон зану шавҳар аз Полша буда, мехостанд бо мошин тариқи роҳи Мурғоб (Тоҷикистон) ба шаҳри Ӯши Ҷумҳурии Қирғизистон бираванд.
«3 октябр, тахминан соати 14:00, ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар расид, ки тахминан дар наздикии ноҳияи Қаракӯл ва Мозкӯли ноҳияи Мурғоби ВМКБ ду сайёҳи полшагӣ сигнали «SOS» равон карданд», — гуфта мешавад дар иттилоияи Кумита.
Кормандони шуъбаи КҲФ дар ноҳияи Мурғоб ва гурӯҳи ихтиёриён аз деҳаи Қаракӯл ба ҷойи ҳодиса сафар карда, бо сайёҳон дар иртибот шуданд. «Маълум гардид, ки яке аз онҳо Богдан Гас ном дошта, 38-сола будааст ва ҳамсараш Иванна Гиришска 34 сол доштааст», — афзуд манбаъ.
Бояд гуфт, ки ин ду сайёҳ бо мошин сафар кардаанд ва роҳи онҳо аз тариқи ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гузашта, мебоист ба шаҳри Ӯши Қирғизистон раванд. Дар нимароҳ муҳаррики мошин аз кор мондааст. Пас аз наҷот додан онҳо гуфтанд, ки саломатанд ва ба кумаки тиббӣ ниёз надоранд.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки барои расонидани ёрӣ ҷиҳати таъмири мошини сайёҳон кормандони шуъбаи Кумита дар ноҳияи Мурғоб онҳоро ба деҳаи Қарокӯли ноҳия оварданд.








АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид






