Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ду нафар сайёҳи хориҷиро дар кӯҳҳои Помир наҷот доданд

Октябрь 5, 2019 09:45

ДУШАНБЕ, 05.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду нафар сайёҳи хориҷиро, ки ба ин мақомот сигнали  «SOS» равон карданд, наҷот доданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар медиҳад, ин сайёҳон зану шавҳар аз Полша буда, мехостанд бо мошин тариқи роҳи Мурғоб (Тоҷикистон) ба шаҳри Ӯши Ҷумҳурии Қирғизистон бираванд.

«3 октябр, тахминан соати  14:00, ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар расид, ки тахминан дар наздикии ноҳияи Қаракӯл ва Мозкӯли ноҳияи Мурғоби ВМКБ ду сайёҳи полшагӣ сигнали  «SOS» равон карданд», — гуфта мешавад дар иттилоияи Кумита.

Кормандони шуъбаи КҲФ дар ноҳияи Мурғоб ва гурӯҳи ихтиёриён аз деҳаи Қаракӯл ба ҷойи ҳодиса сафар карда, бо сайёҳон дар иртибот шуданд. «Маълум гардид, ки яке аз онҳо Богдан Гас ном дошта, 38-сола будааст ва ҳамсараш Иванна Гиришска 34 сол доштааст», — афзуд манбаъ.

Бояд гуфт, ки ин ду сайёҳ бо мошин сафар кардаанд ва роҳи онҳо аз тариқи ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гузашта, мебоист ба шаҳри Ӯши Қирғизистон раванд. Дар нимароҳ муҳаррики мошин аз кор мондааст. Пас аз наҷот додан онҳо гуфтанд, ки саломатанд ва ба кумаки тиббӣ ниёз надоранд.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки барои расонидани ёрӣ ҷиҳати таъмири мошини сайёҳон кормандони шуъбаи Кумита дар ноҳияи Мурғоб онҳоро ба деҳаи Қарокӯли ноҳия оварданд.

Октябрь 5, 2019 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст