«Корвони саломатӣ» ин навбат шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлонро фаро гирифтааст

Октябрь 24, 2019 12:18

БОХТАР, 24.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Иқдоми ҳарсолаи «Корвони саломатӣ» дар ин рӯзҳо дар вилояти Хатлон ҷараён дорад. Он 8 октябр оғоз ёфта, 2 ноябр ба анҷом мерасад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Раёсати тандурустии вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Мутахассисони баландихтисоси тиббии «Корвони саломатӣ» аллакай  ба ноҳияҳои Темурмалик, Восеъ, Фархор, Қубодиён, Панҷ, Шаҳритус ва инчунин ноҳияи Ҳамадонӣ сафар карданд. Имрӯз табибон дар ноҳияи Ҷомӣ қарор доранд.

Дар маҷмӯъ 17 нафар кормандони ихтисосҳои гуногуни тиббӣ дар ин иқдом ширкат мекунанд. Ҳамаи хоҳишмандон метавонанд аз хидматҳои духтурони асабшинос, кардиолог, гинеколог, терапевт ва педиатр истифода баранд. Аз ҷумла, барои аҳолӣ ташхиси ултрасадо, рентген, маммография, гузаштани кардиограмма ройгон анҷом дода шуда, инчунин маслиҳату машваратҳо дода мешаванд.

Ҳар як мутахассиси ботаҷриба дар як рӯз то 100 нафарро қабул мекунад.

Бояд зикр кард, ки ҳадафи иқдоми «Корвони саломатӣ» — ин дастрас намудани хизматрасонии тиббии баландсифат ба сокинони минтақаҳои дурдаст мебошад. Он барои ёрӣ расондан ба аҳолӣ баҳри ошкор кардани бемориҳои эҳтимолӣ ва таъйин намудани табобати саривақтӣ равона шудааст.

Октябрь 24, 2019 12:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад