Вакилони палатаи поёнии Парлумон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро қабул намуданд

Октябрь 25, 2019 12:14

ДУШАНБЕ, 25.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ, дар асоси принсипи инсондӯстонаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба ин ниҳод пешниҳод карда буданд, қабул намуд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, масъалаи мазкур имрӯз зимни ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон зимни шарҳи масъалаи мазкур дар назди вакилони мардумӣ иброз дошт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» бо мақсади ба ҳаёти осоишта баргардонидани гурӯҳи шахсоне, ки ҷиноят содир намудаанд, таҳия гардида, дар он меъёрҳои нави батанзимдароварандаи масъалаҳои аз ҷавобгарии  ҷиноятӣ озод намудани шахсони ҷиноятсодирнамуда ва кам кардани муҳлати ҷазои адонагардидаи маҳкумшудагон пешбинӣ гардидааст.

Ба гуфтаи мавсуф, Қонуни мазкур аз санадҳои қабулшудаи солҳои пешин оид ба авф фарқ карда, тибқи маълумоти пешакӣ, он нисбат ба зиёда аз 20 ҳазор нафар шахсони ҷиноятсодирнамуда татбиқ карда мешавад.

Зикр гардид, ки лоиҳаи Қонун аз 22 модда иборат буда, муқаррароти моддаҳои аз 1 то 6-и он ба танзими ҳуқуқи масъалаҳо оиди аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандаҳо ва аз муҳлати боқимондаи адои ҷазо озод намудани маҳкумшудагон бахшида шудааст.

«Аз рӯи маълумоти пешакӣ, бо татбиқи моддаҳои мазкур тақрибан 600 нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон ва судшавандаҳо, 3 ҳазору 100 нафар маҳкумшудагоне, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ ва 3 ҳазор нафар маҳкумшудагоне, ки дар муассисаҳои ислоҳии сукунат адои ҷазо доранд, аз адои боқимондаи ҷазо озод карда мешаванд», — афзуд Юсуф Раҳмон.

Инчунин, — гуфт Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зиёда аз 4 ҳазору 500 нафар маҳкумшудагоне, ки нисбаташон ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд набуда татбиқ шудааст, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд.

Ба иттилои мавсуф, ҳамин тариқ, тахминан 11 ҳазору 200 нафар шасони дар боло зикршуда аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд.

Гуфта шуд, ки тибқи лоиҳаи Қонун аз 300 нафар заноне, ки дар муассисаҳои ислоҳии занона адои ҷазо доранд, 165 нафар ва аз 75 нафар ноболиғоне, ки дар муассисаҳои тарбиявӣ адои ҷазо доранд, 58 нафар аз адои боқимондаи ҷазо озод карда мешаванд.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарҳи пурраи моддаҳои лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» дар ҳузури вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон иброз дошт, ки мардони аз синни 55 боло, маъюбон, шахсони гирифтори бемориҳои вазнин, иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар, шахсоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқии атомии Чернобил зарар дидаанд, аз ҷавобгарӣ озод карда мешаванд.

Дар маҷмӯъ, — гуфт Юсуф Раҳмон, аз рӯи маълумоти пешакӣ муҳлати ҷазои адо нагардидаи зиёда аз 8 ҳазору 800 нафар маҳкумшуда кам карда мешавад.

Оид ба масъалаи мазкур вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон қарори дахлдор қабул намуданд.

Октябрь 25, 2019 12:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Мавсума Муинӣ бо ҳайати намояндагони Дафтари минтақавии Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ мулоқот намуд
Дар Узбекистон вохӯрии роҳбарони дастгоҳи парлумонҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ доир гардид
Робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Узбекистон тақвият меёбанд
Маҳмадтоир Зокирзода: «Тақвияти ҳамгироии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ зарурати воқеӣ мебошад»
Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода дар Форуми дуюми байнипарлумонии давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок менамояд
ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ХОНАИ ҲАР ТОҶИКУ ТОҶИКИСТОНИРО РӮШНОӢ МЕБАХШАД. Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҷашни муқаддаси давлатиро таҷлил намуданд
САМАРАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Имрӯз зани тоҷик вазир, сафир ва хеле кабир аст
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуд
Масъалаи тақвият бахшидани ҳамкории парлумонии Тоҷикистон ва Эрон дар Санкт-Петербург баррасӣ гардид
Равобити байнипарлумонии Тоҷикистон ва Ҳиндустон густариш меёбад
Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд