Лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон миёни 10 мамлакати олам беҳтарин дониста шуд
ДУШАНБЕ, 17.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон миёни 10 мамлакати олам беҳтарин дониста шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки Дафтари намояндагии Бонки Осиёии Рушд миёни 10 мамлакате, ки лоиҳаҳои ин бонкро татбиқ мекунанд, чунин натиҷагирӣ намудааст.
«Масъули иҷрои лоиҳа Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ буда, Директори кишварии Бонки мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Прадип Сривастава барои татбиқи пурсамари он Кумитаро бо ифтихорнома сарафроз гардонд», — афзуд манбаъ.
Лоиҳаи милии идораи хатари офатҳо аз моҳи январи соли 2019 шурӯъ гардида, ба таҳкими зарфияти Кумита дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ, татбиқи идораи коҳиши хатари офатҳо дар муассисаҳои давлатӣ, беҳтар намудану густариш додани системаи мониторинг ва хабардоркунии бармаҳали кӯли Сарез ва муҷаҳҳазгардонии Хадамоти зиддижолаи Кумита равона гардидааст.








Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид






