Лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон миёни 10 мамлакати олам беҳтарин дониста шуд

Октябрь 17, 2019 11:15

ДУШАНБЕ, 17.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон миёни 10 мамлакати олам беҳтарин дониста шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки Дафтари намояндагии Бонки Осиёии Рушд миёни 10 мамлакате, ки лоиҳаҳои ин бонкро татбиқ мекунанд, чунин натиҷагирӣ  намудааст.

«Масъули иҷрои лоиҳа Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ буда, Директори кишварии Бонки мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Прадип Сривастава барои татбиқи пурсамари он Кумитаро бо ифтихорнома сарафроз гардонд», — афзуд манбаъ.

Лоиҳаи милии идораи хатари офатҳо аз моҳи январи соли 2019 шурӯъ гардида, ба таҳкими зарфияти Кумита дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ, татбиқи идораи коҳиши хатари офатҳо дар муассисаҳои давлатӣ, беҳтар намудану густариш додани системаи мониторинг ва хабардоркунии бармаҳали кӯли Сарез ва муҷаҳҳазгардонии Хадамоти зиддижолаи Кумита равона гардидааст.

Октябрь 17, 2019 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон наздикӣ 1000 адад гармхонаҳои доимамалкунанда фаъолият мекунанд
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод