Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» дар шаҳри Хуҷанд амалӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 03.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 22 сентябр то 4 октябр дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар мавзӯи «Методологияи таълим дар асоси салоҳият» барои омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолӣ тренинг-давраи омӯзишӣ гузаронида мешавад.
Тренинги мазкур дар доираи лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш»- и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Дар тренинг мутахассисон оид ба рушди методогияи таҳсилоти лоиҳа Мунира Иноятова, Сангин Бобоев, Ҳотамшо Пириев, Абдулмаҷид Бобохонов ва Олимҷон Насриддинов ба беш аз 180 нафар таҷриба меомӯзонанд.
Ҳадафи лоиҳа мустаҳкам намудани заминаҳои моддӣ-техникӣ, методӣ ва барқарорсозии инфрасохторҳои марказҳои таълими калонсолон ва литсейҳои касбии техникии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ин восита омода намудани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат мебошад.
Дар ҷараёни тренинг иштирокчиён дар мавзӯъҳои «Сохтори стандарти салоҳияти ҳар як касби коргар», «Таҳлили функсионалии касбҳо ва таҳияи харитаи функсионалӣ» ва «Методологияи таҳияи стандарти салоҳияти касб» корҳои гурӯҳӣ анҷом доданд.
Раванди таҳияи барнома, маводи таълимӣ ва асбоби баҳодиҳӣ дар асоси стандартҳои салоҳияти тасдиқгардидаи 17 касби коргарӣ оғоз гардидаанд, ки барои омода кардани мутахассисони рақобатпазир ва ба талаботи бозори меҳнати муосир ҷавобгӯ мусоидат хоҳанд кард.
Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» дар асоси созишномаҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон аз соли 2016 амалӣ мешавад.
Амалигардонии Лоиҳа ба дӯши Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуда, дар назди вазорат Гурӯҳи идоракунии Лоиҳа фаъолият дорад.
Дар доираи лоиҳа инчунин барномаи омӯзишии инклюзивӣ дар асоси талаботи бозори меҳнат таҳия ва татбиқ мешавад, ки ба баҳогузории салоҳиятнокӣ ва гузаронидани шаҳодатномакунонии хатмкунандагони литсей ва марказҳои таълими калонсолон ва дигар шахсони муроҷиаткунанда, хусусан муҳоҷирони баргашта, ки малакаҳои амалиро тавассути таҷрибаи корӣ дар дохил ва ё хориҷи кишвар аз худ намудаанд, машғул мешавад. Ҳамзамон дар доираи барномаи намунавии баробарии гендерии лоиҳа омӯзиши духтарон ба касбҳои ғайрианъанавӣ пешбинӣ шудааст, ки дар панҷ литсейи интихобшуда гузаронида мешаванд.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






