«Марказҳои букмекерӣ ва бозиҳои компютерӣ ҷойи донишҷӯён нест!»- бардошт аз мулоқот дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 03.10.2019./АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Хадамоти пешгирии ҳуқуквайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯёни факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мулоқот намуданд. Дар мулоқот доир ба мавзӯи пешгирии ҷавонон аз ҷинояткорӣ ва дигар амалҳои номатлуб суҳбат доир гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷамъомад сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонон Абдусаттор Фаттозода зикр кард, ки ҷавонон, бахусус донишҷӯён неруи тавоно ва созандаи миллату давлат маҳсуб шуда, пешрафту шукуфоӣ ва ояндаи мамлакат аз онҳо вобастагии амиқ дорад.
«Аз ин лиҳоз, ҳар кадоми шумо, донишҷӯёнро зарур аст, ки вақти пурқимати худро танҳо ба омӯхтани илму дониш сарф намуда, ҳамчун мутахассиси баландихтисос ба камол расида, ба халқу Ватан хизмат намоед. Шумо набояд ба беҳудагардӣ, шиносоӣ бо ашхоси тасодуфӣ ва ҷиноятпеша роҳ диҳед. Мутаассифона, тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, бархе аз донишҷӯён ба ҷойи омӯзиш вақти худро дар марказҳои букмекерӣ ва бозиҳои компютерӣ мегузаронанд, ки ин оқибати хуб надорад. Марказҳои букмекерӣ ва бозиҳои компютерӣ ҷои доншҷӯён нест!»,- таъкид намуд А.Фаттозода.
Мавсуф зарари бозиҳои зикршударо ба донишҷӯён фаҳмонида, ҳамчунин оид ба истифодаи дурусти симкортҳои мобилӣ ёдовар гардид. Аз ҷумла, зикр кард, ки онҳо дар муносибат бо симкортҳои телефонҳои мобилӣ эҳтиёткор бошанд. Зеро нафарони ҷинояткор аз симкортҳое истифода менамоянд, ки ба ному насаби дигарон ба қайд гирифта шуда бошанд. Дар ин сурат тибқи тағйироти воридгардида ба қонунгузории мамлакат соҳиби аслии симкорт низ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Илова бар ин, дар мулоқот ба донишҷӯён дар бораи Вируси норасоии масунияти бадан, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, маълумот ва ҷиҳати пешгирии ин зуҳуроти номатлуб ба онҳо дастурҳои зарурӣ дода шуд.
Дар фарҷом аз донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки дар мубориза ва муқовимат бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ онҳо бо мақомоти милитсия ҳамкорӣ намоянд. Таъкид гардид, ки танҳо дар якҷоягӣ метавон ҷинояткориро пешгирӣ карда, онро дар ҷомеа коҳиш дод.









Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд






