Маркази миллии тестӣ барои хонандагони синфи 11 имтиҳонҳои озмоишӣ оғоз намуд

Октябрь 7, 2019 15:07

ДУШАНБЕ, 07.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе аз 1 октябр имтиҳонҳои озмоиширо барои синфҳои 11-ум оғоз кард.

Ҳадаф аз баргузории имтиҳонҳои озмоишӣ, ки дар онҳо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе иштирок мекунанд, шинос кардани хатмкунандагон бо тартиби имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла, тарзи иҷрои тест ва пур кардани варақаи ҷавобҳо аст. Дар имтиҳонҳои озмоишӣ китобчаҳои тести қисми А (имтиҳони умумӣ), ки се субтест – забони тоҷикӣ, математика ва асосҳои давлат ва ҳуқуқро дар бар мегирад, инчунин варақаҳои ҷавобҳо ба иштирокдорон дар шакле, ки дар имтиҳонҳои воқеӣ истифода мешаванд, пешниҳод мегарданд.

Пас аз анҷоми имтиҳонҳо аз тарафи Марказ маълумот дар бораи холҳои бадастовардаи иштирокдорон омода ва ба муассисаҳои таълимӣ дастрас карда мешавад. Вобаста ба ин, хатмкунандагони дар имтиҳонҳои мазкур ширкаткарда инчунин дар бораи сатҳи омодагияшон ба имтиҳонҳо аз фанҳои дахлдор маълумот мегиранд.

Тибқи нақша, имтиҳонҳои озмоишӣ дар 22 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе баргузор мегарданд. Дар имтиҳонҳои мазкур, ки то 30 октябр давом мекунанд, беш аз 2100 нафар хонандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок мекунанд.

Ҷараёни имтиҳони озмоиширо чун дар имтиҳонҳои воқеӣ кормандони Марказ ва омӯзгорони ҷалбгардида назорат менамоянд.

Октябрь 7, 2019 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории ҳизбӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақвият меёбад
Тоҷикистон бо қабули қонунҳои миллӣ барои давлатҳои Осиёи Марказӣ намуна мебошад
НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Кормандони соҳаи телевизион ва радио бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кормандони соҳаҳои гуногун бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шуданд
Соли 2026 дар Федератсияи Русия барои бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони Тоҷикистон беш аз 40 вохӯрӣ доир шуд
Доир ба саҳми барандагони Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ дар рушди Тоҷикистони муосир конференсия баргузор шуд
Пешвои миллат: «Вилояти Хатлон дар таърихи давлатдории тоҷикон ҷойгоҳи махсус дорад»
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ТО АБАД УСТУВОРУ ПОЯНДА БОШАД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
«РУШДИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон андозаи нафақаҳо беш аз 20 маротиба индексатсия карда шуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ: АЗ ОЗМОИШҲОИ ТАЪРИХ ТО БУНЁДИ ПОЯҲОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН. Андешаҳо дар ин маврид